Пайвандҳои дастрасӣ

Мардуми дунё одат кардаанд, ки мавзӯъҳои муҳими байналмилалиро маъмулан абарқудратҳои суннатӣ, Амрико, Аврупо ва Русия ошкоро ҳаллу баррасӣ мекунанд. Аммо соли 2009 як бозигари дигар, бо номи Чин ба таври собит вориди саҳнаи байналмилӣ шуд ва дар маркази он қарор гирифт.

Дар соли 2009 ин давлат лутфу марҳаматро ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, минтақаи ғанӣ аз захоири табиӣ, арзонӣ дошт ва бо бунёди як лӯлаи интиқоли газ, ба захоири энержии ин минтақа дастрасӣ пайдо кард. Чин аз ифшои барномаҳои худ дар мубориза бо гармоиши ҷаҳонӣ дар нишасти Созмони Милал дар Копенҳаген даст кашидааст ва чун пештара аз таҳримот, ба вежа таҳримоти нав алайҳи Эрон пуштибонӣ намекунад.
Омили таъсирбахш дар афзоиши иқтисоди Чин барномаҳои густардаи хукумат дар бахши дастгирии моливу сохтори бонкӣ буд...


Аммо Чин дар соли 2009 мақомоти баландпояи Амрикоро борҳо мизбонӣ кард ва ба онҳо итминон дод, ки ҳеҷ кишваре дар иқтисоди калавандаи Амрико он қадар сармоягузорӣ накардаат, ки Чин кардааст.

ҲАМЧУН МУРҒИ САМАНДАР?

Соли 2009 ҷаҳон ба ҳарфи Чин гӯш медод, зеро ин сол соли Чин буд, соли намоиши тавони иқтисодии ин кишвар. Дар ҳоле, ки иқтисоди бисёр кишварҳо дар пайи бӯҳрони молӣ варшикаста шуд, Чин бар тавони худ афзуд ва ба истилоҳ чун мурғи Самандар беосеб аз оташ бадар омад.

Пажӯҳишгоҳи иқтисодии "Intelligence Unit"-и Лондон мегӯяд, дар соли 2009 иқтисоди Чин 8 дар сад рушд кард. Ин рақам, албатта, аз 10 дар сади соли 2008 камтар аст, аммо боз ҳам барои дар ҳоли шино нигаҳ доштани киштии иқтисоди Чин кифоят мекунад. Барои муқоиса Intelligence Unit мегӯяд, дар ҳамин даврае, ки иқтисоди Чин ба 8 дарсади рушд муваффақ шудааст, иқтисоди Амрико дар соли 2009 2 дар сад ва Аврупоро 4 дар сад коҳиш ёфтанд. Ба гуфтаи ин пажуҳишгоҳ афзоиши иқтисоди Ҳиндустон то охири соли 2009 7 дар сад хоҳад буд.

Акнун суоли сари забонҳо ин аст, ки чӣ гуна ин пешрафт ба Чин даст додааст?

Гарет Лезер, пажӯҳишгари умури Чин дар Intelligence Unit мегӯяд, ин кишвар дар оғози бӯҳрони иқтисодӣ аз ҳамон тадобире кор гирифтааст, ки рақибонаш истифода кардаанд. "Омили таъсирбахш дар афзоиши иқтисоди Чин барномаҳои густардаи хукумат дар бахши дастгирии моливу сохтори бонкӣ буд, ки охири соли 2008 шурӯъ шуданд. Ин барномаҳо ба рушди зербинои иқтисодӣ ва коҳиши молиёти мушаххас мусоидат кард. Коҳиши молиёт чиноиҳоро ба харидории автомобил ва ҷиҳози дигар ташвиқ кард ва шароитро барои рушди иқтисод фароҳам овард."

Ин тадобир яъне кӯмаки, ба истилоҳ, аз боло ба поён дар аксар кишварҳо истифода шуд. Аммо дар Чин натиҷаи мусбат ба бор овард. Дар мавзӯи харҷи маблағ чиноиҳо суннатан эҳтиёткоранд, зеро ҳукумат ба онҳо на ҳаққи бознишастагӣ медиҳад ва на кӯмаки тиббии ройгон. Аммо дар нимаи аввали соли 2009 бонкҳои Чин ба хоҳишмандон беш аз 1 триллион доллар қарз додаанд. Дар ин марҳила хукумат низ мардумро ба харидории ашёи насия ё кредит ташвиқ кард ва мардум ҷайби худро холӣ мекарданд.

САБКИ АМРИКОӢ -- КОМЁБИИ ЧИН


Як натиҷа ин аст, ки дар соли 2009 чиноиҳо дар муқоиса бо амрикоиҳо аз ҳарвақта дида бештар мошини нав хариданд. Фурӯши умумии мошинҳои нав дар Чин ба 12,8 миллион доллар баробар мешавад. Интизор меравад, ки то охири сол маблағи харидории мошинҳо дар Амрико ба 10,3 миллион бирасад.

Тадобире, ки мақомоти Чин дар муқобили бӯҳрони иқтисодӣ ба кор бурданд саноати Чинро побарҷо нигоҳ дошт. Ҳарчанд на ҳама корхонаҳо ҷон ба саломат бурданд. Бӯҳрон 15 миллион нафарро аз кор маҳрум кард. Аммо ба гуфтаи коршиносон, бо тавоне, ки соҳаи саноати Чин ҳифз кардааст, дар ҳоли сусттар шудани панҷаи бӯҳрон метавонад, ба зудӣ рушд кунад.

Пажӯҳишгар Лезер мегӯяд бори аввал нест, ки Чин сармояи бузургро ба иқтисоди худ мерезад ва, ба истилоҳ, аз бӯҳрон бо сари баланду рӯйи сурх берун мешавад. Чин дар ҷараёни бӯҳрони молии Осиё, дар соли 1998, низ ҳамин стратегияро ба кор бурд. Ба гуфтаи ин пажӯҳишгар, акнун ки иқтисоди Чин рӯ ба беҳбуд меорад, бисёр кишварҳо аз ин суд хоҳанд бардошт. Зеро бизнеси Чин ба таври фаровон молу мавод мехарад ва иқтисоди давлатҳои мавриди додугирифт таҳким меёбад. Махсусан, иқтисоди кишварҳои доираи нуфузи евро, ки дар нимаи дувуми соли 2009 фурӯши мол ба Чинро 6,3 дар сад афзоиш доданд.

АНГУШТИ ЧИН БАР САРИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Шифои зудраси иқтисод мавқеъи Чинро ба таври ғайриодӣ мустаҳкам карда, имкони густариши боитминони барномаҳои тиҷоратии онро дар соли 2010 фароҳам овардааст. Аммо ҳадафи калидии Чин харидории энержӣ аз хориҷ, махсусан аз кишварҳои Осиёи Марказист.

Чанде пеш раиси ҷумуҳури Чин Ҳу Ҷинтао дар расми ифтитоҳи лӯлаи газ дар Ишқобод иштирок дошт. Ин лӯла гази Туркманистонро аз тариқи Узбакистону Қазоқистон ба Чин мебарад.

Дасткушодии Чин дар сармояогузорӣ ба тарҳҳои муҳими энерживу сохтмон дар Тоҷикистон ҳукумати ин кишварро низ ба дурнамои ҳамкорӣ бо ҳамсояии абурқудраташ хушбин кардааст. Мақомоти Тоҷикистон умед доранд, ки дар ояндаи наздик Чин дар бунёди нерӯгоҳҳои обиву барқии Тоҷикистон саҳм мегирад ва дар ҳалли умдатарин мушкили кишвар, татбиқи сареи барномаҳои энержӣ кӯмак мекунад.
XS
SM
MD
LG