Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулис мегӯяд, дасту пои рӯзноманигор баста буд


Пулиси Қазоқистон мегӯяд, Геннадий Павлюк-рӯзноманигори машҳури қирғиз ҳафтаи гузашта ҳангоми афтодан аз балкони ошёнаи шашуми биное дар Алмаато дасту пойҳояш баста будааст. Евгений Лисенко-сухангӯи пулиси Алмаато ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи чаҳоршанбе вақте, ки вайро пайдо карданд, дасту пойҳояш баста буд. Павлюк ҳанӯз ҳам дар ҳолати беҳушист ва дар бемористон қарор дорад. Ҷонибдорони Павлюк ин ҳодисаро ҳамла ба озодии баён арзёбӣ карданд. Омурбек Тикебоев-раҳбари мухолифони қирғиз гуфт, "ин кор тарсонидани рӯзноманигорони мустақил ва сиёсатмадорон аст".
XS
SM
MD
LG