Пайвандҳои дастрасӣ

Меҳралишо Мастонов, омӯзгори мактаби Видоҷи ноҳияи Роштқалъа ва Аълочии маорифи Тоҷикистон, ки 46 соли умрашро ба таълиму тарбия бахшидааст, интизор надошт, ки Рӯзи Дониш барояш ба охирин рӯзи кор дар мактаб табдил мешавад.

Пас аз ширкат дар маросим маъмурияти мактаб ба омӯзгор гуфтанд, ки тибқи дастури мақомот вай бояд чун шахси нафақахӯр ҷояшро ба мутахассиси ҷавон холӣ кунад. Меҳралишо мегӯяд, вай аз мутахассисони ҷавон истиқбол мекунад, аммо ба ҷояш муҳассили курси 5-уми факултаи таърих ва ҳуқуқро ба кор гирифтанд. Ба гуфтаи Меҳралишо, вай ба идораи маориф пешниҳод кард, ки ба ҷояшон дар мактаб мутахассисони ҷавонро дар асоси озмун ба кор гиранд ва омӯзгорони куҳансол омода ҳастанд, ки дар ин озмун бо ҷавонон дар майдони дониш «зӯрозмоӣ» кунанд, аммо фикраш ба эътибор гирифта нашудааст.

Мутахассиси идораи маорифи вилоят Тоҷиддин Орумбеков гуфт, тасмими озод намудани омӯзгорони синни нафақа дар асоси супориши мақомот ба мақсади таъмини мутахассисони ҷавон бо ҷойи кор ва фароҳам сохтани шароит барояшон гирифта шудааст.

Як мутахассиси нозироти андоз мегӯяд, яке аз сабабҳои касри буҷа дар маҳалҳо ба зиёд будани омӯзгорони синни нафақа, ки ҳамзамон дар макотиб маош мегиранд, вобаста будааст ва мақомот кӯшиш мекунад, ки бо ҳар роҳ ҳар чӣ тезтар аз омӯзгорони синни нафақа халос шавад.

Мутахассиси идораи маориф Тоҷиддин Орунбеков озод шудани омӯзгорони синни нафақаро амри қонунӣ мешуморад, аммо бе қадрдонии заҳматҳои чандинсолаашон ва ба таври ногаҳонӣ «кафшашонро пеши по гузоштан» аз ҷониби сарварони макотибро яке аз сабабҳои дилозуродагӣ ва норизоиятии мутахассисони собиқадор мешуморад.

Аммо масъули маркази ислоҳоти соҳаи маориф дар Бадахшон Хушқадам Асматуллоев, иваз намудани омӯзгорони собиқадорро ба муҳассилони донишгоҳ, ки ҳанӯз таҷрибаи педагогиашон ташаккул наёфтааст, ғайриқонунӣ ва усули нодурусти таълиму тарбия арзёбӣ мекунад. Вай чунин бархӯрд ба маорифро яке аз сабабҳои рукуди соҳа ва поин рафтани сатҳи дониш дар муассисоти таълимии минтақа тайи солҳои охир мешуморад.

Ба иттилоъи идораи маорифи Бадахшон, ахиран бо ҷалби мутахассисони ҷавон камбуди омӯзгорон дар макотиби минтақа қариб бартараф шуда, алҳол дар макотиб фақат 7 нафар омӯзгор намерасад. Гуфта мешавад, зиёда аз 700 мутахассиси ҷавон дар макотиб ба фаъолият пардохтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG