Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Амрикову Русия моҳи январ давом мекунад


Русия мегӯяд, музокироти ҳастаиаш бо Амрико дар бораи аҳдномаи нави халъи силоҳ бо Амрико моҳи январ идома хоҳад ёфт. Вазорати умури хориҷаи Русия дар як изҳорот гуфтааст, ҳанӯз баъзе масъалаҳо такмил нашудааст, вале изофа кардааст, ки ин масъалаҳо дар ояндаи наздик ҳал хоҳанд шуд. Баъд аз музокироти рӯзи ҷумъа бо Дмитрий Медведев-Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, мавзеъгирии ҳар ду ҷониб барои расидан ба тавофуқ роҷеъ ба Аҳдномаи коҳиши аслиҳаи стротегӣ ё START хеле наздик шудааст. Мӯҳлати ин аҳднома 5-ӯми декабр ба поён расида буд.
XS
SM
MD
LG