Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонуни беҳдошти Амрико аз монеаи аслӣ гузашт


Пешнвиси қонун дар бораи беҳдошти Амрико, ки аз ҷониби Барак Обама-раиси ҷумури Амрико пешниҳод шуда буд, аз монеаи аслӣ, аз Сенат гузашт. Сенаторон бо 60 райи ҷонибдор ва 40 райи мухолиф мунозирот роҷеъ ба ин пешнависро ба поён бурданд ва ба-ин тариқ роҳро барои тасвиби ниҳоӣ ҳамвор сохтанд. Қарор аст, ҳамин ҳафта роҷеъ ба ин пешнавис дар Сенат райдиҳӣ сурат бигирад. Агар Сенат ин пешнависро ба тасвиб расонад, он бо нусхаи ба тасвибрасида дар Маҷлиси Намояндагон ҳамсон хоҳад шуд. Обама бахши беҳдоштро дар кишвар нисбат ба бахшҳои дигар бартар медонад. Бар асоси қонуни мазкур дар Амрико тақрибан 31 миллион нафар, ки бимаи беҳдоштӣ надоранд, бо хадамоти тиббӣ таъмин хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG