Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пулис лавҳаи болои дарвозаи Освенцимро пайдо кард


Пулиси Полша лавҳа ё навиштаҷоти рабудашудаи болои дарвозаи урдугоҳи Освенцимро пайдо кардааст. Освенцим урдугоҳи марги давраи Нозиёни собиқ буд. Сухангӯи пулис гуфтааст, ин лавҳа дар шимоли ин кишвар пайдо шудааст ва 5 нафар боздошт шудаанд. Анджей Розитка-фармондеҳи пулис гуфтааст, зоҳиран, боздоштшудагон ба гурӯҳҳои нео-Нозӣ ё нозиёни ҷадид иртибот надоранд. Ярослав Менсфелт-сухагнгӯи музеи Освенцим имрӯз дар бораи сарнавишти баъдии лавҳа ба хабаргузории Ройтерз гуфт:

"Ин лавҳа дубора дар ҷои худаш гузошта мешавад ва тадобири амниятӣ гирифта хоҳад шуд".

Сабабҳои рабудани лавҳа, ки онро дар саросари ҷаҳон маҳкум карданд, то ҳол рӯшан нашудааст. Дар солҳои Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ беш аз 1 миллион нафар кушта шуданд, ки аксари онҳо яҳудиён буданд.
XS
SM
MD
LG