Пайвандҳои дастрасӣ

Мукофотсупорӣ ба «Вахш» - қаҳрамони футболи Тоҷикистон


Ба дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони Тоҷикистон дар соли 2009, Ҷом ва медалҳои тиллои мусобиқаи XVIII лигаи олии футболи кишвар супурда шуданд.

Маросими ботантанаи мукофотсупорӣ ба дастаи «Вахш» дар Кохи «Ватан»-и шаҳри Қӯрғонтеппа сурат гирифт.

Нахуст мизбони маросим Иззатулло Зоиров, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа, футболбозону мураббиён, раҳбарону сарпарастон ва мухлисони дастаро бо ғалабаи бузург дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон табрик гуфт.

Баъд Сӯҳроб Қосимов, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба Меҳроб Заҳурбеков, капитани дастаи «Вахш», Ҷоми қаҳрамонӣ, ба футболбозону мураббиён ва раҳбарони даста медалҳои тилло супурд.



Ҳамлагари «Вахш» Нӯъмонҷон Ҳакимов, ки беҳтарин бозигари сол эълон шуд ва бо 15 гол беҳтарин нишонзани мусобиқаи имсола гардид, бо ҷоизаи Федератсияи футболи кишвар сарфароз гашт. Ба узви дастаи «Вахш» Раҳматуллоҳ Фузайлов ҳамчун беҳтарин ҳимоятгари сол ва сармураббии даста Аслиддин Ҳабибуллоев ҳамчун беҳтарин мураббии сол ҷоизаҳои Федератсия супурда шуданд. Инчунин Сулаймон Мирзомуродов, бозигари ҳайати ҷавонони «Вахш», ки имсол дар ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё роҳхат гирифтааст, соҳиби ҷоизаи Федератсияи футболи мамлакат шуд.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва собиқ дарвозабони «Вахш», аз таърихи даста ёдовар шуда, гуфт, ки дар ҳайати он солҳои мухталиф бисёр футболбозони маъруф, ба мисли Ҳаким Фузайлов, Мӯҳсин Муҳаммадиев, Александр Азимов, Олимҷон Рафиков, Владимир Долганов, Сергей Мандреко, Рустам Забиров ва дигарон бозӣ кардаанд. Боиси хушнудист, ки дар ҳайати «Вахш» имсол бозигарони моҳиру пуртаҷриба, ба мисли Раҳматулло Фузайлов, Меҳроб Заҳурбеков, Субҳон Хоҷамов, Анвар Норқулов, Ҷомихон Муҳиддинов, Рустам Хоҷаев, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Рустам Усмонов, Маҳмадалӣ Содиқов, Фарҳод Юлдошев, Акмал Сабуров, Илҳомҷон ва Камолҷон Ортиқовҳо, Фозил Сатторов, Алексей Неъматов, Фирдавс Файзуллоев ва футболбозони ҷавону умедбахш, монанди Аҳтам Ҳамроқулов, Рустам Ризоев, Абдуқаюм Қарабоев, Умедҷон Шарифов ва дигарон муваффақона ҳунарнамоӣ карданд.

Оқои Мирзоев иброз дошт, ки бо фармони Кумита ба футболбозону мураббиён ва раҳбарони бошгоҳ унвонҳои варзишию фахрӣ дода шуданд. Ӯ ба онҳо шаҳодатнома ва нишонҳои сарисинагӣ супурд. Футболбозон бо унвони «Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон», мураббиён бо унвони «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва раҳбарони даста бо унвони фахрии «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гаштанд.

Раҳматуллоҳ Саъдуллоев, раиси Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Ширкати холдингии Исмоили Сомонӣ», ки президент ва сарпарасти бошгоҳи футбли «Вахш» мебошад, ба ҳамаи аъзои даста тӯҳфаҳо тақдим кард.

Инчунин футболбозону мураббиён ва раҳбарони дастаи «Вахш» бо мукофоти пулии раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ва Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Рушди Хатлон» қадрдонӣ шуданд.

Ба ифтихори ғалабаи «Вахш», ҳамчунин, дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маросими пуршукӯҳ баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури вакилони мардумӣ ва раисони ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят сурат гирифт, Ғайбулло Авзалов, раиси вилояти Хатлон, Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, Шералӣ Давлатов, дабири кулли Федератсияи футболи кишвар, ба футболбозону мураббиён ва раҳбарони дастаи «Вахш» мукофот супурданд.

Ҳамчунин беҳтарин варзишгарони вилоят дар соли 2009 Набимуҳаммад Хоркашев, барандаи медали нуқраи сабқати ҷаҳонӣ ва қаҳрамони Осиё оид ба гуштии самбо, Наҷибуллоҳ Ҳабибуллоев, қаҳрамони Осиё оид ба самбо, Суннатуллоҳ Шеров, қаҳрамони Осиёи Марказӣ ва ғолиби мусобиқаи байнулмилалӣ дар риштаи таеквон-до WTF, ва Комил Шералиев, қаҳрамони бисёркаратаи самбои Тоҷикистон, бо тӯҳфаҳои раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ шуданд.

Исроил Шарифов, раиси бошгоҳи футболи «Вахш», ба раҳбарони вилояти Хатлон, шаҳри Қӯрғонтеппа ва сарпарастону мухлисони даста барои дастгирӣ ва кӯмаки ҳамаҷонибаашон изҳори сипос намуд. Вай гуфт, соли 2010 дастаи «Вахш» 50-сола мешавад, бинобар ин аъзои даста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар мусобиқоти байнулмилалии Ҷоми Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ва Назди Балтик (аз 15-ум то 25-уми январ дар шаҳри Маскави Русия), Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё ва мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон бомуваффақият ҳунарнамоӣ намуда, ҷашни тиллоии бошгоҳро сазовор истиқбол хоҳанд кард.

Исроил Шарифов, ҳамчунин иброз дошт, ки аъзои бошгоҳи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа тасмим гирифтанд, ки ба маблағи 20 000 сомонӣ саҳмияҳои бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро харидорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG