Пайвандҳои дастрасӣ

Як сол дар артиш (Хотираҳои журналист)


Умаралии Сафаралӣ

Умаралии Сафаралӣ

Умаралии Сафаралӣ, корманди нашрияи "Ҷавонони Тоҷикистон" тасодуфан дар ҷараёни як "облава" боздошт шуда, ба хидмати ҳарбӣ фиристода шуд ва як соли умрашро ба ҳайси сарбоз сипарӣ кард.

Вай чанде пеш хотираҳояшро дар ин бора дар торнигори худ бо номи "Падида" ба нашр расонд ва ризоият дод, ки хотираҳояш дар "Блогистони "Озодӣ" ба нашр расанд.

Ҳамааш аз "облава" сар шуд

21 ноябри соли 2008. Рӯзи ҷумъаи муборак. Субҳи барвақт, тақрибан, соатҳои 6 барои пешвоз гирифтани бародарам, ки аз Русия меомад, роҳ сӯи аэропорт гирифтам. Базӯр нақлиёт ёфтаву расидам, ки бародарам кайҳо омадаву мунтазири ман аст.

Бо бародарам ба истгоҳ омадем. Ҳамин замон 5-6 нафар бо либосҳои мулкӣ ва салобат наздам омаданду пурсупос карданд. Баъди он ки фаҳмиданд хизмати ҳарбӣ накардааму кафедраи ҳарбӣ ҳам нахондаам, ба «Газел»-е, ки дуртар аз онҳо меистод, саворам карданд.

Дар дохили «Газел» майор, ки номашро Саид мегуфтанд ва як ҷавони дигар низ нишаста буданду саволуҷавоб доштанд. Маро низ паҳлуяш ҷо дод. Ҳарчанд гуфтам, ки ман иҷрокунандаи сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ҳастам (он вақт сармуҳаррир С. Асоев дар сафари хизматӣ, берун аз кишвар буданд), бояд ин ҳафта рӯзномаро нашр кунам, аммо суханонам беҳуда буданд. Гӯё онҳо чизеро намешуниданд. «Газел» бошад, бо истифода аз нишони хатсайри 15 ҷавононро ҷамъ меовард.

Ҳамин тариқ, дар як «рейс» 10 нафар ҷавонро дастгир карданд. Ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур бурданду телефонҳоямонро ҷамъ карда гирифтанд, то мо ба касе нагӯем, ки моро дастгир кардаанд. Дар як хонача, ки хеле хунук буд, ҷоямон карданд. 14 нафар шудем, ки танҳо 1 нафар ихтиёрӣ омада буд. Он ҳам бо иддаои он ки назди бародараш равад. Дар байнамон як нафар буд, ки телефон дошт. Гӯё пинҳонӣ дароварда буд. Ва ҳамаи дастгиршудагон бо ҳамон телефон ба наздикону шиносҳояшон занг мезаданд, ки халосашон кунанд.

Ҳамин тариқ, аз назари духтур ҳам гузарониданд. Ҳангоми дар Дармонгоҳи №2-и пойтахт буданамон яке аз дастгиршудагон аз ошёнаи дуюм паридаву гурехт. Бегоҳӣ бошад, комиссияи ҷумҳуриявӣ сарбозонро аз назар гузаронид. Ҳаво хунук буд. Сарбозони оянда, ки тани урён буданд, машаққати хизмати ҳарбиро аллакай эҳсос мекарданд.

Азназаргузаронии тиббӣ низ аҷиб буд. Фақат мепурсиданд, ки масалан, «шикоят дорӣ?» ва табиист, ки ҳар нафар тансиҳат будан ё набуданашро намедонад ва «шикоят нест» мегуфтем. Акнун, баъди муоинаи духтурон, ҷавонони «солим»-ро ҷудо карданд.

Як ҳуҷраи дигар, ки хеле калон ва хунук буд, ҷои сарбозони оянда ҳисоб меёфтааст. Нафароне он ҷоро зиёрат мекарданд, ки аниқ хизмати ҳарбӣ мераванд. Ва аз 14 нафар танҳо 4 нафар мондем. Дигаронаш бо ҳар восита ҷавоб шуданд. Баъдтар маълумамон гашт, нафаре, ки телефон дошт, одами худи комиссариат будааст.

Торикӣ фаро расид. Мо рӯзи дароз чизе нахӯрда будем. Субҳ наҳорӣ нокарда баромада, нисфирӯзӣ низ ба мо чизе надоданд.
Ман, ки дар ноҳияи Ваҳдат ба қайд гирифта шуда будам, дар чанд соат дар комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур бароям ҳуҷҷат тартиб додаву аз ҳамин комиссариат ба хизмати ҳарбӣ гуселам карданд. Бо ҳамин, моро ҳамон шаб ба Комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ бурданд.

Дар Комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ ҷавонони зиёде ҷамъ шуда буданд. Дар як хобгоҳе бо бадтарин шароит. Баъзе ҷавонон дар ин ҷо ҳафтаҳо хоб мекардаанд. Чиркин, мӯйи сару ришашон расидагӣ. Ин ҷо низ ба дастгиршудагон хӯрок намедодаанд. Хешу таборашон ҳамарӯза ба хабаргириашон меомаданду хӯрокашонро меоварданд. Ҷои хоб намерасид. Дар як ҷои хоб то се нафар, рӯбарӯ шабро рӯз мекарданд.

Дар ҳамон як хона ҳам ҳоҷат мекарданд, ҳам даст мешустанд ва ҳам хӯрок мехурданду хоб низ мекарданд. Дар бӯю таффе, ки дошт, ҳамаи истиқоматкунандагонаш одат карда буданд. Ба ҳоҷатхона, ки пушти дари ҳуҷра буд, фақат соатҳои муайяншуда метавонисти дароӣ. Дар як шабонарӯз 3 маротиба. Хуллас, аз зиндон монданӣ надошт. Ҳатто бо наздиконат аз паси панҷара сӯҳбат мекардӣ. Ва дар ҳамин шароит се шабонарӯз зиндагӣ кардем. Ба қавли бошандагони ин макон хизмат аз ҳамин ҷо оғоз мешавад. Чанд сарбозе, ки хизмати ҳарбиро дар ҳамин комиссариат адо менамуданд, аз сарбозони оянда, пулҳояшон ва либосҳояшонро мегирифтанд.

Роҳ ба сӯи қисмҳои ҳарбӣ

24 ноябри соли 2008. 24 нафарро ҷудо кардаву ба вилояти Суғд фиристоданд. Як афсар, ки худро корманди Вазорати мудофиа муаррифӣ кард, моро роҳбалад буд. Ва ҳамаи моро бе шиносномаи хориҷӣ ба қатораи самти Душанбе-Хуҷанд савор карданд. Дар вақти аз постҳо гузаштан роҳбалад билетҳои ҳарбиамонро дар дастамон медоду баъди гузаштан ҷамъ карда мегирифт.

Роҳбаладамон, ки як марди орому ботамкин буд, ҳеҷ чизамон намегуфт ва ҳар коре, ки мехостем мекардем. Мо барои онҳо лозим будем. Шояд барои ҳамин гапи сахтамон намегуфтанд. Дастгиршудагон низ аз ин ботамкинии роҳбалад истифода бурданд.

Ду нафар худро аз қатора ҳаво доданд як нафари дигарашро бошад, бо сабаби дар билети ҳарбӣ акси худаш набудан дар яке аз истгоҳҳои Ҷумҳурии Узбакистон аз қатора фароварданд. Дар Комиссариати ҳарбии ноҳияи Рӯдакӣ дар билети ҳарбиаш ба ҷои сурати худаш акси каси дигарро часпондаанд.

25 ноябри соли 2008 мо ба шаҳри Хуҷанд расидем. Роҳбалад моро ба соҳибонамон, ки ба пешвозамон омада буданд, супорид.

Оғози хизмати ҳарбӣ

Аз 21 нафар 8 кас ба қисми низомие, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, рафтем. Боқимондаҳо ба қисмҳои низомии дигари вилояти Суғд тақсим шуданд. Соат тақрибан 16 буд. Акнун мо зери назорат будем ва барои он ки нагурезем, танҳо ба ҳеҷ куҷо ҷавоб намедоданд.

Шаби аввалро дар қисми ҳарбӣ рӯи фарш гузаронидем. Ҷои хоб набуд. Рӯзи дуюм оббозӣ кардему либоси ҳарбӣ ба бар кардем.

Шаби дуюмро низ бо азобе, дар ду кат се нафар, рӯз кардем. Дар рӯзи сеюм, баъд аз назари духтур гузаштан, ба қисми низомии 07746 интиқол ёфтем. Ин қисми низомӣ тобеи қисми низомии 14356 буд.

Яъне, иҷоранишин дар қисми низомӣ. Воқеан, аз назаргузаронии тиббии қисми низомӣ низ айни ҳамон азназаргузаронии духтурони комиссариати ҳарбӣ буд.

Маҳалгароӣ дар авҷ

Одами нав. Ва ба ҳар сарбозе, ки наздик мешудем, аввалин чизи мепурсидагиаш ҳамин буд: «Аз куҷоӣ?» Ҳар нафаре ҳамшаҳриашро мекофт. Ва агар ҳамшаҳриҳоят аз ҳисоби сарбозони яксолаву якунимсола бошанд, пуштибонат мешуданд, дигар касе ғамат намедод.

Аммо агар ҳамшаҳриат ягон нафаре аз онҳоро дар вақташ зада бошад, акнун ту шатта мехӯрӣ.

Хизмати ҳарбӣ

Андешоҳое, ки гӯё дар хизмати ҳарбӣ мезананд, азоб медиҳанд, ҳар яки мо наврафтагонро мушавваш сохта буд. Тарсида мегаштем. Тарс аз он ки назананду маибамон накунанд. Ҳамин тавр, рӯзҳову ҳафтаҳо паси сар мешуданд.

Фаҳмидем, ки чанд соли охир Прокуратураи ҳарбӣ барои пешгирӣ кардан аз ҳар гуна ҳодисаҳо аз ҳоли сарбозон зуд-зуд хабар мегирифтаанд. Барои ҳамин ҳам, ба қавли маъмул «дембл»-ҳо эҳтиёт мекарданд. Аммо шатта нохӯрда ҳам намешавад. Он ҷо хонаи модарат нест, ки саратро сила кунанд.

Дар хизмати ҳарбӣ зиндагии умумӣ аст. Ҳама як ҷо хоб мекунанд, як ҷо хӯрок мехуранд ва ғ. ҳ. Барои ҳамин ҷои хобу ҳудуди ротаву қисми низомиро тоза карданд лозим аст. Ва табиист, ки ҳеҷ вақт «молодой» истода, «дембл» кор намекунад. Ҳамин ҷо, агар аз кор саркашӣ кардӣ шатта мехӯрӣ, хоҳ аз сарбозони аз ту пештар рафтагӣ, хоҳ сержант ва хоҳ афсар.

Албатта, баъзе ҳолатҳое ҳам мешавад, ки сарбозон бо якдигар ҷанҷол мекунанд ва кор то маъюбшавӣ мерасад. Масалан, тобистони ҳамин сол ду сарбоз бо ҳам ҷанг мекунанд. Як нафараш шашмоҳа, дигари якунимсола. Ҳини ин задухӯрд якумӣ лат хӯрда маиб мешавад. Х….аш мекафад. Ва ҳам мефаҳмидем, ки дар дигар қисмҳои низомӣ сарбозон якдигарро паррондаанд.

Моҳи октябр бошад, аз шаҳри Душанбе тобути ду сарбозро, ки бояд ҷавоб мешуданд, ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурданд. Яъне, сарбозон аз беэътиноӣ нисбат ба ҳамдигар ба чунин корҳо даст мезананд.

Вазъи фароғати сарбозон хуб аст. Телевизору DVD, қариб дар ҳар як ротаву баталён ҳаст. Ва сарбозон дар вақти холигиашон аз он истифода мебаранд. Ба ҳолати гигиении сарбозон низ эътибор дода мешавад. Ҳар ҳафта ё дар ду ҳафта як маротиба ҷиҳози ҷои хоби сарбозон иваз карда мешуд. Либоси тагпӯшашон низ ҳамчунин. Аммо ҳамаи ин дар қисми низомии дигар аст. Мешунидем, ки дар дигар қисмҳои низомӣ ба сарбозон он қадар аҳамият намедиҳанд.

Беобӣ - мушкили рақами 1

Қисми низомие, ки дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров воқеъ аст, дар фасли зимистон аз беобӣ танқисӣ мекашад. Шуда буд, ки мо ҳафтаҳо даст нашуста будем. Кор мекардем, ҳоҷатхона мерафтем ва ҳам хӯрок мехӯрдем. Дасти ношуста. Барои сарбозон аз обе хӯроку нон мепухтанд, ки дар зиндагии мулкӣ он обро танҳо барои либосшӯӣ истифода мекарданд. Ҳатто баъзан аз маҳаллаи наздики қисми низомӣ рафта, бо хару ароба об мекашидем.

Дар тобистон оби ҷӯйборҳо фаровон аст, яъне, барои сару рӯй ва либосшӯӣ сарбозон аз об танқисӣ надоштанд. Ҳар вақте мехостанд, оббозӣ мекарданд. Аммо оби тоза танҳо саҳару бегоҳ меомад. Лимит буд.

Хуллас, мешавад, ки ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ё худи қисми низомӣ дар фасли зимистон бо мошинҳои обкаш обро захира карда, истифода баранд.

Хӯрокӣ сарбозон

Сарбозон ду сол фақат «прилофка»-ву «сечка» ва макароншӯрбову нахӯдшӯрбо мехӯранд.

Рӯзҳои ид бошад, ош мепухтанд. Саҳару бегоҳ чойи ширин ва гоҳ-гоҳ шир медоданд. Равғани маска, ки бояд ҳар рӯз ба сарбозон дода шавад, ман дар як соли хизматам як моҳ хӯрдаам.

Афсарон ҳам зиндагӣ доранд. Онҳоро ҳам фаҳмидан даркор. Бо 400-500 сомонӣ зиндагӣ кардан мушки ласт, ба ҳар ҳол. Тобистони бо мошин тарбуз оварданд. Ва худи сарбозон мошинҳоро холӣ карданд. Аммо аз он тарбузҳо дарак нашуд. Шояд пӯсиданд.

Войи забони ман!

Соҳаи ҳарбӣ шояд ягона соҳае бошад, ки тамоми терминҳояш бо забони тоҷикӣ тарҷума шудааст. Аммо дар Қувваҳои Мусаллаҳ тамоман як забони дигар аст. Не тоҷикӣ асту не русӣ. Масалан, як майор доштем, ки мегуфт: «Баробар шав, отставит» ё сержантҳо мегӯянд: «Полный шаг, таваҷҷӯҳ ба рост (чап)».

Хулоса ҳамин гуна мисолҳо зиёданд. Сари ҳар қадам вомехӯред.
Танҳо командири қисми низомӣ подполковник Сайвалиев буд, ки бо забони тозаи тоҷикӣ сухан мекарду фармон медод. Ва аз ҳамаи афсарону сержантон низ талаб мекард, бо забони тоҷикӣ кор баранд.

Беқадрии «ДМБ»

Хизматро тамом кардӣ, он қадар беқадр мешавӣ, ки ногуфтанӣ. Барои он ки аз қисми низомӣ ҷавобат диҳанд, бояд аввал «демблскый аккорд» занӣ. Яъне, бояд пеш аз омаданат ягон гӯшаи қисми низомиро ё таъмир кунӣ ё созӣ. Ҳамаи ин аз пули худат. Аз куҷое меёбӣ, кори фармудаашонро иҷро мекунӣ, баъд ҷавобат медиҳанд.

Ман, хушбахтона, коре накардам, ба ғайри он ки 20 сомонӣ барои таъмири хонаи хизмати маишии сарбозон додам.
Рӯзи ҷавоб шуданам бошад, танҳо командири рота, гуселам кард. Он ҳам то беруни қисми низомӣ.

Ҳамин тариқ, рӯзи 18 октябр ман ва 16 нафари дигарро 50 сомонигӣ дода, бо қатора гуселамон карданд. (Аммо дар қонун ду ҳадди аққали маош муайян шудааст, ки 120 сомониро ташкил медиҳад). Як капитан, мутаассифона ному насабашро намедонам, роҳбаладмон буд. Боз 20 нафари дигар аз қисмҳои ҳарбии дигари вилояти Суғд бо мо ҳамроҳ шуданд. Ва омадем ба сарҳади Тоҷикистону Узбакистон. Пости Бекобод. Ин ҷо баъд аз тафтиш маълум шуд, ки 10 билет намерасад. Ва бо кашокашу талошҳои зиёд 10 нафарро аз қатора фароварданд.

Роҳбаладамон низ бо он 10 нафар фаромад. Дар пости даромади ӯзбекистон бошад, дар ҳуҷҷатҳои як ҳамроҳамон хатоӣ ёфтанд. Навишта шуда буд, бояд 18 октябр дар комиссариати ҳарбии ҷои зист ба қайд гирифта шавад, аммо ҳамон рӯз 18 октябр буд. Ин ҷо бо 200 сомонӣ хатояшро ислоҳ карданду ҷавобаш доданд. Дар чанд пости дигар низ, аз мо – «дембл»-ҳо 5 сомонию 10 сомонӣ талаб мекарданд. Мо, ки бе роҳбалад будем, чораи дигар надоштем. Ва бо азобе ба Ватан расидем. Гӯё мо дар ким кадом кишвари дигар хизмати ҳарбиро анҷом додем, ки барои ба Ватан расидан, роҳи якунимшабонарӯзиро бо ҷумҳуриҳои Узбакистону Туркманистон тай кардем. Хуллас, вақте дар Душанбе расидем, соат 1-и 20 ноябр буд.

Баъди як рӯз тибқи роҳхати қисми низомӣ барои ба қайд мондан ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат рафтам. Ин ҷо ба ман гуфтанд, ки ту аз Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаӣ, ҳамон ҷо раву маълумотнома биёр, баъд дар қайд мемонем.

Ба комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур рафтам. Дарҳо пӯшида, ҳеҷ кас ҳуқуқи даромадан надорад. Маро ҳам, ки гуфтам барои қайд мондан омадаам, касе нигоҳ намекард. Хайрият як корманди ин комиссариат маро шинохту омада аз аҳволам пурсид ва корамро буд кард.

Гашта ба Комиссариати шаҳри Ваҳдат рафатам. Он ҷо гуфтанд, ки дар қисми низомӣ билети ҳарбиамро дуруст пур накардаанд. Рақами ихтисосамро нанавиштаанд (ВУС). Акаи Идибек, масъули ҳамин корҳо гуфт, рақамро меёбаму билети ҳарбиро пур мекунам, баъд телефонат мекунам, омада билети ҳарбиро мегирӣ.

Ҳамин тавр, қариб як моҳ гузашт, аммо аз акаи Идибек дарак нашуд. 18 ноябр боз ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Ваҳдат рафтам. Ин бор на акаи Идибек, масъули дигаре ҳуҷҷатҳоямро тахт кардаву ҷавобам дод. Ҳамагӣ ним соат вақт сарф шуд.

Хулоса, андеша кардам, ки баъди тамом кардани хизмати ҳарбӣ дигар ба ин комиссариатҳо лозим нестӣ. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шоҳмансур буд, ки маҷбур қапида, дар як рӯз ҳуҷҷат тартиб дода, ба хизмати ҳарбӣ гуселам кард, аммо барои ба қайд мондан вақт надоштанд. Ҳама боз ҳам як «Газел» дар ихтиёрашон ҷавононро ҷамъ меоварданд – «ОБЛАВА».

Хулоса

Акнун фикр мекунам, бо ҳар роҳе набошад, бояд ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ раванд. Ватанро ҳимоя кардан мебояд. Ва агар облава накунанд ҳеҷ кас хизмат кардан намехоҳад. Аз 80 нафаре, ки дар як баталён хизматро пеш мебурдем, 90 фоизаш ба воситаи «облава» сафарбар шуда буданд.

Аммо барои ҳалли ин проблема роҳи ҳал вуҷуд дорад. Мешавад, дар муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷавононро бо билети ҳарбӣ қабул кунанд. Дар ин ҳолат ҳамагӣ – ҳам писари деҳқон ва ҳам писари вазиру раис ин қарзи шаҳрвандиашонро ба ҷо меоранд. Ва ҳам ҷавонони солимро ба хизмати ҳарбӣ сафарбар мекунем.

Воқеан, бо мо як ҷавоне хизмати ҳарбиро адом екард, ки касалии ҷунун дошт. Вай умуман, ротаашро намешинохт ва рӯзи дароз беҳуда мегашт. Ва ҳам нафароне ҳастанд, ки аз аввал ба беморхонаи ҳарбӣ мераванду аз ҳамон ҷо хизматро тамом мекунанд. Баъзеаш, ки базӯр роҳ меравад, хизматро пеш бурда истодаанд.

Андешае, ки гӯё ду соли умрат беҳуда мегузарад, дурӯғ аст. Хизмат ҳоло ҳам мактаби мардонагӣ аст. Бисёр чизро ба ҷавонон меомӯзонад. Муҳимтар аз ҳама мо ба ҷанг омода мешавем ва дар вақти ҷанг (Худо нишон надиҳад) Ватанамонро ҳимоя мекунем. Муҳим ҳамин аст!

Сержант Умаралии Сафааралӣ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG