Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 шӯришӣ ҳангоми ҳамла ба пулис кушта шуданд


Имрӯз нируҳои амниятии Афғонистон 3 шӯриширо, ки дар шарқи ин кишвар ба маркази пулис ҳамла карданд, ба қатл расонданд. Рӯҳулло Самун-сухангӯи шаҳрдори Гардез-маркази вилояти Пактико гуфт, 3 шӯришии кушташуда бо камарбандҳои дорои моддаи мунфаҷира муҷуҳҳаз будаанд. Вай дар бораи ҷузъиёти ин ҳодиса тавзеҳот надод. Забеҳулло Муҷоҳид-сухангӯи Толибон ин ҳамларо таъйид кард. Вале вай идао мекунад, ки дар ин ҳамла 25 афсари пулис кушта шудаанд ва даргириҳо идома доштааст.
XS
SM
MD
LG