Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати ҳазорон нафар дар Қум дар дафни Мунтазирӣ


Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри Қуми Эрон ҳазорон нафар дар маросими дафни Оятулло Ҳусейн Алӣ Мунтазирӣ-рӯҳонии норозии ин кишвар ширкат карданд. Раҳбарони мухолифон аз ҷонибдорони худ даъват карданд, ки дар маросими дафни ин мунаққиди нотарси раҳбарони муҳофизакори Ҷумҳурии Исломӣ ширкат ҷӯянд.

"Аз соати 7 ба ин сӯ шуруъ карданд ба шиор додан ва бо "Оллоҳу Акбар" гуфтан азодориашонро эълон мекунанд. Вақте, ки шиор медиҳанд, фикр мекунам, ҳамин ҳоло садояшонро бояд бишнавед, шиорҳои онгҳо шиорҳоест, ки дар мавриди ҷунбиши сабз шунида мешавад".

Мирҳусейн Мусвӣ-раҳбари мухолифон ба Қум сафар кард ва дар хонаи Мунтазирӣ ба аҳли оилааш ба сабаби ин даргузашт таслият гуфт. Манобеъи мустақил ин хабарро таъйид накардаанд, зеро сафари матбуоти хориҷиро дар робита бо ин даргузашт ба Қум мамнуъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG