Пайвандҳои дастрасӣ

Лавҳаи дуздишуда аз Освентсим ёфт шудааст


Пулиси Лаҳистон(Полша) лавҳаи оҳанинеро, ки фашистон дар замони ҷанги дуввуми ҷаҳон дар конслагери Освентсим насб карда буданд, пайдо кардааст. Телевизиони Лаҳистон хабар дод, ки бо иттиҳоми даст доштан дар дуздии ин шиор 5 нафар боздошт шудаанд. Лавҳаеро, ки дар он "Arbeit macht frei", яъне “Кор шуморо озод мекунад”, навишта шуда буд, рӯзи ҷумъа рабуданд. Далели даст ба чунин амал задани дуздон рӯшан нест, вале лавҳаи таърихиро дар пайи сирқат се пора кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG