Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе се анҷумани ҳизбӣ доир шуд


Рӯзи якшанбе се ҳизби сотсиал-демократ, наҳзати исломӣ ва сотсиалисти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор ва феҳрасти номзадҳои худ ба ҳавзаи ягонаи ҳизбӣ дар интихоботи парлумонии моҳи февралро мушаххас карданд. Аҳзоби сотсиал-демократ ва наҳзати исломӣ ба ҳавзаи ягона ҳар кадом 22 номзад ва ҳизби сотсиалист 12 номзад пешбарӣ карданд.
Интихоботи Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон ба рӯзи 28 феврал таъйин шудааст.
5 ҳизби боқимонда рӯзҳои шанбе ва якшанбеи оянда анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор мекунанд.
XS
SM
MD
LG