Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти як коргардон дар Эрон


Мақомоти Эрон дирӯз як коргардони филмҳои мустанадро бо иттиҳоми тавҳин ба мақомоти ҷумҳурии исломӣ боздошт кардаанд. Хабаргузории ИСНО гуфт, ки Муҳаммад Нуризод ба додгоҳ эҳзор шуд, вале ба далели пардохта натавонистани пули гараве, ки таъйин шудааст, ба зиндон фиристода шуд. Нуризод дар бораи моҳи Рамазон, масоҷид ва ҷанги Эрону Ироқ дар солҳои 80 филмҳо бардоштааст.
Ахиран ӯ дар номае ба раҳбари рӯҳонии Эрон Алии Хоманаӣ умури раҳбарии кишвар, бахусус баъд аз интихоботи пурбаҳси раёсатҷумҳуриро ба боди интиқод кашида буд.
XS
SM
MD
LG