Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин нишасти ОПЕК дар Ангола


Намояндагони кишварҳои узви ОПЕК, Иттиҳодияи кишварҳои тавлидкунандаи нафт, барои нахустин бор дар кишвари фақрзадаи африқоии Ангола ташкили ҷаласа мекунанд. Ангола ду сол пеш ба узвияти ОПЕК пайваст.
Интизор меравад, аъзои ОПЕК пойбандии худ ба аҳди як сол пеш дар бораи коҳиши изтирории квотаҳои нафтро эълон кунанд. Бисёре аз вазирони ОПЕК нархи кунунии нафт – ҳудуди 75 доллар барои ҳар бушкаи нафтро қобили қабул мехонанд. Алӣ Наимӣ, вазири нафти Арабистони Саудӣ чанде пеш гуфта буд, нарх хеле хуб аст ва ҳама – ҳам сармоягузорон, ҳам харидорон ва ҳам тавлидкунандагон аз он хушу розианд.
XS
SM
MD
LG