Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миср муҷассамаи Нефертитиро талаб кардааст


Заҳӣ Ҳаввос, як масъули ҳифзи ёдгориҳои бостонии Миср гуфт, ки расман аз осорхонаи Мисри қадим дар Берлин хостааст, ки нимпайкараи малика Нефертитиро пас бидиҳанд. Заҳӣ Ҳаввос гуфт, онҳо аснодеро ба даст овардаанд, ки ҳокии ба таври ғайриқонунӣ ба Берлин бурда шудани нимпайкараи 3300-солаи Нефертитист. Ҳаввос гуфт, мудири осорхонаи Берлин аснодеро дар ихтиёри онҳо гузошт, ки баёнгари дар соли 1913 ба хотири ба Берлин бурдани ин муҷассамаи гаҷӣ аз асноди ҷаълӣ истифода бурдани бостоншиноси олмонист. Мақоми мисрӣ рафтори он бостоншиносро ғайриахлоқӣ ва барқасдона хонд.
Заҳӣ Ҳаввос аз тарафдорони сарсахти бозгардони ёдгориҳои аздастрафтаи Мисри қадим аст. Ӯ қаблан муваффақ шуд, ки осорхонаи Луври Фаронса боқимондаҳои девори як мазори 3200-соларо ба Миср баргардонад.
XS
SM
MD
LG