Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоли 12 зиндонии Гуантанамо ба ватанҳояшон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 12 маҳбуси боздоштгоҳи Гуантанаморо ба Афғонистону Яман ва Сомалӣ бозпас фиристодааст. Вазорати адлияи Амрико имрӯз гуфт, шаш яманӣ, чаҳор афғон ва ду шаҳрванди Сомалиро рӯзҳои шанбеву якшанбе ба ватанҳояшон бозгардонидаанд. Мақомоти Амрико ҳафтаи гузашта гуфтанд, ки гурӯҳе аз маҳбусони Гуантанаморо ба зиндоне низомаш шадид дар аёлати шимолии Иллинойс интиқол медиҳанд. Роберт Гейтс – вазири дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ҳукумати кишвараш қасд дорад, 116 зиндонии боқимонда дар Гуантанаморо ё ба ватанҳояшон ва ё ба кишварҳое истирдод кунад, ки майли пазируфтани он зиндониёнро доранд.
XS
SM
MD
LG