Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти Ҳомиди Карзай аз номзадҳои пешниҳодиаш


Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон имрӯз аз номзадҳои пешниҳодиаш ба ҳукумати нав ҳимоят кард ва ҳар яке аз онҳо ҷавобгӯи мубориза бо фасод хоҳанд буд. Вай афзуд, тамоми 25 номзад ба мақомҳои ҳукуматӣ чеҳраҳои нав ҳастанд, ки “қодир ба кор, хидмат ба мардум ва дастёбӣ ба дастовардҳое ҳастанд, ки мардуми Афғонистон мехоҳанд.” Раиси ҷумҳури Афғонистон афзуд, ҳукумати нав аз тамоми аққалиятҳои миллӣ дар кишвар намояндагӣ мекунад. Феҳрасти ҳайъати ҳукумати навро бояд порлумони Афғонистон таъйид кунад, ки зоҳиран ин корро ба осонӣ нахоҳад кард. Ҳомиди Карзай таҳти фишори афзояндаи ҳомиёни ғарбиаш қарор гирифтааст, то ҳукуматашро аз фасоду ришва пок кунад, чун нозирон мегӯянд, фасодкорӣ дар ҳукумат сабаби авҷ гирифтани ошӯбҳо ва беэътимодӣ ба давлати Афғонистон шудааст. Пештар аз ин Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли НАТО аз ҳайъати нави ҳукумати Афғонистон истиқбол кард.
XS
SM
MD
LG