Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон ва аз рӯҳониёни саршиноси тоҷик, ба ҲНИТ пешниҳод кард, то барои лағви номи «Ҷамоати Таблиғ» аз феҳристи созмонҳои террористӣ талош кунад.

Тӯраҷонзода ин пешниҳодро зимни суханронӣ дар Анҷумани ҲНИТ, ки ба манзури ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъи порлумонӣ сурат гирифт, баён кард. Тӯраҷонзода таъкид кард, ки ҳарчанд узви Ҳизби наҳзат нест, аммо аз талошҳои ин ҳизб барои рафъи мушкилоти мавҷуд дар ҷомеаи Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад. Аммо, ба таъкиди вай, ҲНИТ бояд барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи олии Тоҷикистон дар мавриди созмони иртиҷоӣ ва террористӣ эълон кардани «Ҷамоати Таблиғ» дар қаламрави ин кишвар иқдом кунад ва ин аз нукоти барномаи ин ҳизб бошад. Тӯраҷонзода ин қарорро ноодилона донист ва гуфт, «Ҷамоати Таблиғ» ҷузъ даъват ба сӯи Худо ба кори дигаре даст намезанад ва дар тамоми дунё ягон мисоли вуруди аъзо ин созмон ба сиёсат вуҷуд надорад.

Тӯраҷонзода аз он изҳори таассуф кард, ки ахиран Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳокимаи 54 нафарро бо иттиҳоми узвият дар созмони мазкур оғоз кардааст ва эҳтимоли он вуҷуд дорад, ки шояд бо ҳукми додгоҳ ба солҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шаванд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, аз ин пешниҳоди Тӯраҷонзода истиқбол кард ва гуфт, ин пешниҳодро ба инобат мегирад. Кабирӣ гуфт, ӯ ба унвони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ назароташро ироа кардаааст ва ба волидони он ҷавононе, ки муроҷиат карда буданд, ёрии худро пешкаш кардааст. Кабирӣ ҳамчунин таъкид кард, ки мушкили ин созмон он аст, ки онҳо аз сиёсат дур ҳастанд.

Фаъолияти созмони «Ҷамоати Таблиғ» дар қаламрави кишвар дар се соли пеш аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон мамнӯъ эълом шуда буд. Дар ин рӯзҳо муҳокимаи гурӯҳи бузурги аъзои созмони «Ҷамоати Таблиғ» дар Душанбе ва Қурғонтеппа идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG