Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо баргузории анҷумани ҳаштуми худ вориди корзори интихоботи порлумонӣ гардид.

Анҷумани ҳизб бо ҳузури 600 вакил дар толори «Кохи Ҷомӣ», дар маркази шаҳри Душанбе, ва бо доштани гарданбандҳои ранги кабуд, ки нишони осмони соф аст, 22 нафар аз номзадҳои ҳизбро вориди феҳрасти ҳизбӣ барои ширкат дар интихоботи моҳи феврали 2010 кард.

Дар раъси феҳрист Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ, қарор гирифт. Сайидумар Ҳусайнӣ, Воҳидхон Қосиддинов, муовинони раҳбари ҳизб, дар мақомҳои дуввум ва севвум ва Сайид Иброҳими Назар аз чеҳраҳои маъруфи ҳизб дар радаи панҷум қарор гирифтанд.

Чаҳор номзади зан низ вориди ин феҳраст шудаанд, аммо дар даҳгонаи дуввум ҷо дода шудаанд. Аммо дар феҳраст исми Маҳмадалии Ҳайит, муовини раҳбари ҳизб, ворид карда нашудааст. Чун гуфта шуд, ҷаноби Ҳайит қасд дорад, то номзадии худро аз тариқи ҳавзаи инфиродӣ бигзорад.

Муҳиддин Кабирӣ беҳбуди вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро аз самтҳои муҳими барномаи қабл аз интихоботии ин ҳизб хонд ва пешниҳодеро дар ҷиҳати ислоҳоти ҷиддии кадрӣ ва сохторӣ дар сатҳи давлат, ташкили вазорати вижа барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кори тоҷик, таҷдиди назар дар ниҳоди мубориза бо фасод ва ба шохаи додгоҳӣ ё порлумон вогузор кардани ин оҷонс, ғайрисиёсӣ кардани соҳаҳои маориф ва тандурустиро ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кард.

Ҳамзамон, Кабирӣ аз давлат хост, то барои се сол дар ҷиҳати гузарондани барномаҳои консертӣ ва дигар тадобири фарҳангӣ моратория
Исми Маҳмадалии Ҳайит ин бор дар феҳристи ҳизб вуҷуд надорад. Дафъаи гузашта дар феҳрист пас аз Ҳимматзода ва Кабирӣ саввум буд.
эълом кунад ва аз ҳисоби маблағи ин чорабиниҳо барои муҳоҷирон дар кишвар ҷойи корӣ эҷод кунад.

Раҳбари ҲНИТ аз таъсиси як ҳаракати мардумӣ дар мубориза алайҳи фасод хабар дод ва аз аъзо ва тарафдорони ҳизб даъват ба амал овард, то аз додани ришва даст бикашанд.

Бо ин ҳама, бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки барномаи қабл аз интихоботии Ҳизби наҳзат аз барномаҳои қаблии он фарқи
куллие надорад. Чун, ба эътиқоди ин коршиносон, чунин пешниҳодоте тавассути мақомоти ҳизб дар гузашта низ садо додаанд.

Аммо аз назари Абдулло Раҳнамо, коршиноси масоили сиёсӣ, муҳимтарин нукта посух додан ба суоле буд, ки ҳамеша дар зеҳни мардум садо медиҳад, ки дар сурати ба сари қудрат омадани ҳизби наҳзат чӣ хоҳад шуд? Ба таъкиди Раҳнамо, ҷаноби Кабирӣ, барои нахустин бор ва ба таври расмӣ дар ин анҷуман гуфт, ки ин ҳизб дар чорчӯби Қонуни Асосӣ амал хоҳад кард.

ҲНИТ феълан ба унвони ҳизби порлумонӣ ду курсиро дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар ихтиёр дорад ва он ҳам аз тариқи феҳристи ҳизбӣ вориди порлумон шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG