Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ҲСДТ бо доир намудани анҷумани худ феҳрасти номзадҳои худ ба ҳавзаи ягонаи интихоботиро муаррифӣ кард. Алорағми иддаои қаблии масъулони ин ҳизб, дар мавриди гаронии қимати гаравпулӣ, рӯйхати номзадҳои ин ҳизб иборат аз 22 нафар тасдиқ ва ба КМИР ироа шуд.

Аммо Раҳматулло Зоиров, раиси ҲСДТ, гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба ин ки шояд бархе аз ин номзадҳо аз ҳавзаҳои инфиродӣ низ номзад шаванд, имкон дорад, шумори номзадҳо дар феҳрасти ҳизбӣ коҳиш пайдо кунад.

Дар аввали ин рӯйхат номи Раҳматулло Зоиров, раҳбари сотсиал демократҳо, ва ба таъқиби ӯ муовинони ин ҳизб қарор доранд. Ба ин тартиб, Амният Абдулназаров, Дилбар Самадова, Шокирҷон Ҳакимов, Алим Шерзамонов (дар ҳамин анҷуман муовини раиси ҳизб интихоб шуд) ва Диловаршоҳ Ҷӯраев дар аввали рӯйхати ҳизби сотсиал-демократӣ ҷой гирифтанд. Ин рӯйхатро номи Файз Нормуродов, олими шинохтаи физикаи ҳастаӣ ба поин мебарад.

Инчунин чанд ғайриҳизбӣ низ дар феҳрасти номзадҳои сотсиал-демократ ҷой гирифтанд. Аз ҷумла, Ватан Абдураҳмонов, қозии собиқи додгоҳи Тоҷикистон ва Маҳмудҷон Қосимов, раиси собиқи кумитаи гумруки кишвар. Оқои Абдураҳмонов дар ин анҷуман ширкат дошт ва ризояти худро изҳор кард, аммо Маҳмудҷон Қосимов дар ин анҷуман ширкат надошт.

Алим Шерзамонов дар ҳамин анҷуман муовини раиси ҳизб интихоб гардид.
Намояндагони ҲСДТ аз ҳавзаҳои як мандатии Бадахшон ва вилояти Суғд низ номзад хоҳанд шуд. Раҳматулло Зоиров, раиси ин ҳизб, гуфт, худи ӯ аз ҳавзаи якмандатии Душанбе низ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон хоҳад шуд. Оқои Зоиров бовар дорад, ки агар ҳадди ақали тақаллуб сурат бигирад, ҳизбаш хоҳад тавонист, то се намояндаи худро вориди маҷлис кунад.

Раҳматулло Зоиров дар мавриди барномаи пешазинтихоботии ҳизбаш гуфт, интихоботи пеши рӯ як майдони муаррифии ақидаҳои сотсиал-демокаратӣ ва мизони омодагии мардум барои пазируфтани ин андешаҳо мебошад. Оқои Зоиров дар садри андеша ва барномаи худ рушди қишри миёна ба унвони сутуни устувори рушди иҷтимоиро арзёбӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG