Пайвандҳои дастрасӣ

Содироти нафти Ироқро халалдор карданд


Баъди харобкорӣ дар як лӯлаи нафт дар Ироқ, ки то ба бандари Ҷайҳуни Туркия мерасад, содироти нафти Ироқ аз ин самт боздошта шудааст. Оссим Ҷиҳод – сухангӯи вазорати нафти Ироқ гуфт, дар ҳамлае як қитъаи лӯла осеб дида ва аз он нафти зиёде ҳам берун ҷорӣ шудааст. Ба гуфтаи Оссим Ҷиҳод, содироти нафт муттавақиф шудааст ва мутаххассисон аз як ширкати нафтӣ барои тармими лӯла рафтаанд. Ҳамла дар 325 километрии шимоли шаҳри Бағдод сурат гирифтааст. Тамоми нафти шимоли Ироқ аз тариқи бандари Ҷайҳун ба хориҷ содир мешавад ва ин лӯла аз соли 2003 то кунун борҳо ҳадафи бомбгузориву ҳамла қарор гирифтааст. Ва хабари дигари марбут ҳам ин аст, ки ба гуфтаи мақомоти Ироқ нерӯҳои Эрон қисман аз як майдони нафтии дар марз, ки ҳарду кишвар онро аз они худ медонанд, хориҷ шудаанд. Ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати Ироқ сарбозони Эрон аз назди чоҳи нафтии ишғолкардаашон то 50 метр дур рафтаанд. Расонаҳои Эрон мегӯянд, ки кумитаи муштараки ду кишвар масъалаи “сӯитафоҳум” миёни марзбонони ду тарафро баррасӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG