Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хашми Саакашвилӣ аз раҳбари вилояти Имеретӣ


Михайил Саакашвилӣ - раиси ҷумҳури Гурҷистон, раиси вилоятеро аз мақомаш барканор кардааст, ки дар онҷо ҳангоми хароб кардани як маҷмааи ёдгории шӯравӣ аз Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум як модару духтар ба ҳалокат расиданд. Маннана Манҷгаладзе – сухангӯи раиси ҷумҳур, гуфт, Михайил Саакашвилӣ ширкаташ дар конфронси тағйироти иқлимӣ дар Копенҳагенро пеш аз мӯҳлат хотима дода ва барои ташкили ҷаласаи ҳукумат ба Гурҷистон баргаштааст. Вай Михайил Чоговадзе – раиси вилояти Имеретиро бинобар рух додани он фоҷиа аз мақомаш барканор кардааст. Ҳангоми хароб кардани маҷмааи ёдгорӣ дар шаҳри Кутаисӣ, тӯдаи бетон болои як хона рехта ва модареро бо духтари ҳаштсолааш куштааст.
XS
SM
MD
LG