Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи вазорати адлияи Эрон аз ҷиноят дар зиндон


Қувваи қазоия ва ё вазорати адлияи Эрон бо нашри баёнияе эътироф кард, дасти кам се боздоштшудаи тазоҳуроти баъд аз интихоботи 12 июнро посбонони зиндон то дами марг кӯфтаанд. Дар ин баёния омадааст, ки алайҳи 12 маъмури боздоштгоҳи Каҳрезак воқеъ дар ҷануби шаҳри Теҳрон барои он корашон парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Се тан аз онҳо ба қатл муттаҳам мешаванд. Дар ҷараёни тазоҳуроти густурдаи баъди интихоботи баҳсбарангези моҳи июн дар Эрон, ки Маҳмуди Аҳмадинажодро пирӯзи он эълом карданд, ҳазорон нафар боздошт шуданд. Нерӯҳои мухолифи Эрон мегӯянд, дар ҳодисаи баъд аз интихобот дасти кам 72 нафар ҳалок шудаанд, вале ба гуфтаи ҳукумат, теъдоди қурбониён 30 нафар будааст.
XS
SM
MD
LG