Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи дабири НАТО аз феҳрасти Карзай


Андерс Фог Расмуссен – дабири кулли НАТО аз феҳрасти ҳукумати нави Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, истиқбол кардааст. Дар як баёнияи чопӣ, Андерс Фог Расмуссен гуфтааст, “мардуми афғон лоиқи як ҳукумати “беайб ва мутахассис” мебошад ва афзудааст, ки аҳди Ҳомиди Карзай ҷиҳати мубориза ба зидди фасод истиқбол мекунад. Раиси ҷумҳури Афғонистон рӯзи якшанбе феҳрасти ҳукумати навашро барои тасвиб ба порлумон фиристод. Дар миёни 23 номзад ба мақомҳои ҳукумат, Абдулраҳим Вардак - вазири дифоъ, Ҳаниф Атмар – вазири умури дохила, Ҳазрат Умар Захивал – вазири молияи феълӣ ҳастанд, ки ҷомеаи байналмилалӣ низ аз онҳо ҳимоят кардааст. Ду вазири муттаҳам ба фасод ба ин феҳраст шомил нашудаанд. Рангин Додфар Спанто – вазири умури хориҷии Афғонистон, низ аз мақомаш маҳрум шудааст, агарчӣ ҳанӯз фарди дигареро ҳам ба ҷойи ӯ пешниҳод накардаанд. Интизор меравад, ки Рангин Додфар Спанто то охири моҳи январ то замони баргузории конфронси байналмилалӣ дар мавриди Афғонистон дар шаҳри Ландан дар мақомаш бимонад.
XS
SM
MD
LG