Пайвандҳои дастрасӣ

Даргузашти рӯҳонии дигарандеши бонуфузи Эрон


Оятуллоҳ Ҳусейналӣ Мунтазирӣ - яке аз рӯҳониёни дигарандеши бонуфузи Эрон, дар синни 87-солагӣ даргузашт. Ба иттилоъи хабаргузории давлатии ИРНА, Ҳуссейналӣ Мунтазирӣ шаби гузашта дар манзилаш дар шаҳри Қум фавтидааст. ИРНА дар хабари худ Мунтазириро оятуллоҳ ном набурдааст ва мегӯяд, ҳанӯз иллати дақиқи марги вай эълом нашудааст. Ҳусейналӣ Мунтазирӣ аз меъморони Инқилоби Исломии Эрон соли 1979 дар Эрон буд. Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ - раҳбари инқилоби исломӣ, ӯро ҷойгузини худ хонд, вале чанд моҳ пеш аз марги Хоманаӣ дар соли 1989, муносиботи ду рӯҳонӣ бо ҳам сард шуд. Оятуллоҳ Мунтазирӣ пайваста, низоми исломӣ дар Эронро ба он муттаҳам мекард, ки бо истифода аз номи Ислом дар кишвар низоми диктаториро таҳмил кардаанд. Моҳи августи гузашта вай гуфт, амалкарди мақомот дар тазоҳуроти баъди интихоботи моҳи июн метавонад “ба суқути низом” бирасонад.
XS
SM
MD
LG