Пайвандҳои дастрасӣ

Сафари нахуствазири Лубнон ба Сурия


Саъд Ҳарирӣ - нахуствазири Лубнон рӯзи шанбе вориди шаҳри Димишқ шуд, то бо Башор Ал-Ассад – раиси ҷумҳури Сурия дидору гуфтӯгу кунад. Ин боздиди нахустини Саъд Ҳарирӣ ба Сурияро бисёр муҳим медонанд, зеро ба гуфтаи шореҳон метавонад ба душмании тақрибан панҷсолаи миёни ҳукумати Димишқ ва эътилофи сиёсии Саъд Ҳарирӣ хотима диҳад. Интизор меравад, ки раҳбарони ду кишвар дар мавриди тақвияти ҳамкориҳо ва замонати соҳибистиқлолии Лубнон гуфтӯгу кунанд. Эътилофи сиёсии Саъд Ҳарирӣ Сурияро дар қатли падараш Рафиқ Ҳарирӣ дар моҳи феврали соли 2005 муттаҳам мекунад. Сурия ин иддаъоро рад кардааст.
XS
SM
MD
LG