Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи Ироқ доир ба тассаруфи чоҳи нафташ


Ҳукумати Ироқ мегӯяд, тассаруфи як чоҳи нафт аз тарафи нерӯҳои Эрон, кори саноати нафти он кишварро халалдор нахоҳад кард. Баъди гузоришҳо доир ба тассаруфи чоҳи нафти Ироқ қимати нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ то 73 доллар барои ҳар бӯшка боло рафт. Бино ба гузоришҳо, сарбозони Эрон марзи Ироқро убур карда ва дар майдони нафтии Факкоҳ дар ҷанубушарқи Ироқро ишғол кардаанд. Нерӯҳои Эрон гузориши мазкурро таъйид карда, вале гуфтанд, ки он чоҳ дар қаламрави Эрон ҷойгир аст. Алӣ Ал-Даббоғ сухангӯи ҳукумати Ироқ гуфт, 11 сарбози эронӣ чоҳи мазкурро таҳти назорат гирифтанд, ки “нақзи истиқлолияти Ироқ” аст. Майкл Муллен адмирали амрикоӣ дар шаҳри Бағдод ба хабарнигорон гуфт, ҳеҷ далеле вуҷуд надорад, ки амалкарди Эрон талоше барои таъсир гузоштан ба интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Ироқ аст.
XS
SM
MD
LG