Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳоии музокироти Копенҳаген аз вартаи нокомӣ


Музокироти байналмилалии тағйироти иқлимӣ рӯзи шанбе бо расман ба инобат гирифтани аҳдномаи байналмилалӣ дар мавриди муқобила бо гармоиши курраи Замин аз вартаи нокомӣ раҳид. Бо вуҷуди мухолифати шадиди чанде аз кишварҳои ҷаҳон, аҳдномаи мазкурро пазируфтанд, аммо тасвиб накарданд. Меъморони аслии тарҳи паймоне, ки ҳукми иҷрои ҳатмиро надорад, Амрико, Чин, Ҳиндустону Бразилия ва Африқои Ҷанубӣ ҳастанд. Бан Ги Мун – дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз пазируфта шудани аҳднома истиқбол кард, вале гуфт, “он чизе нест, ки умедвораш буд”. Боливия, Венесуэла, Судон гуфтанд, ки аҳдномаи мубориза бо гармоиши курраи Замин бисйор заъиф аст ва аз тарафи кишварҳои бузург ноодилона таҳия шудааст. Бар асоси ин санад, кишварҳои ҷаҳон бояд партоби газҳои гулхонаиро ба ҳадде кам кунанд, ки ҳарорат дар курраи Замин аз ду дараҷа болотар наравад.
XS
SM
MD
LG