Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ин ки хоки сияҳаш болин аст....


Бо ибтикори ройзании фарҳангии сафорати Эрон дар Бишкек ва созмони ғайридавлатии «Мутакаллим» шаби бузургдошти шоираи шаҳири Эрон Парвини Эътисомӣ баргузор шуд. Ин маҳфил дар баробари аҳли адабу фарҳанги Эрону Афғонистон, Қазоқистону Тоҷикистон ва Қирғизистон, ҳамчунин намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Бишкекро гирди ҳам овард.

Султон Раев, адиб ва раиси оҷонсии фарҳанги назди ҳукумати Қирғизистон гуфт, адабиёт ва шеъри тоҷикӣ-форсӣ дар фазои адабӣ ва маънавии минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгоҳи сазоворро ишғол кардааст. Вай гуфт, баргузории маҳфилҳои шеър ҷиҳати васеътар муаррифӣ намудани намояндагони адабиёти ғании форсӣ аҳамияти муҳимеро касб намуда, дар ваҳдати халқҳои минтақа нақши созандаро низ хоҳад бозид.

Саид Ҳаким Ҳаким, пажӯҳишгари афғонтабори муқими Бишкек, гуфт, Парвини Эътисомӣ шоираи замон буд ва дар қисмати офариниши осори адабӣ ҳам дар наср ва ҳам дар назм ба мадорики олӣ расидааст. Ба гуфтаи ӯ, Парвини Эътисомӣ аз шеваҳои нигориши Носири Хусрав ва Шайх Саъдӣ илҳом гирифта ва дар ашъораш ду шеваи хуросонӣ ва ироқӣ омезаи адабӣ дорад, ки хоси ин шоира аст. Саид Ҳаким Ҳаким таъкид кард, ки эҷодиёт ва осори Парвини Эътисомӣ дар миёни муҳаққиқони соири кишварҳои осиёӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Доктор Суҳайло Салоҳимуқаддам, устоди Донишгоҳи Теҳрон, таваҷҷӯҳи аҳли маҳфилро ба вижагиҳои шеъри Парвини Эътисомӣ ҷалб кард. Бар асоси суханони хонуми Салоҳимуқаддам, ишқу зебоӣ дар шеъри Парвини Эътисомӣ ончунон зебову дилчасп тараннум шудааст, ки мислаш дар адабиёти форсӣ кам дида мешавад.

Доктор Довуди Испаҳрам, устоди Донишгоҳи давлатии Алмаато, Парвини Эътисомиро ба шоираи мумтоз Робияи Балхӣ баробар кард, ки 1300 сол муқаддам дар шимоли Афғонистон ба сар бурдааст.

Донишҷӯёни риштаи ховаршиносии Донишгоҳи миллии Қирғизистон аз осори Парвини Эътисомӣ ба форсӣ намунаҳо қироат карданд.

Қодиршои Мурувват, шарқшинос ва устоди Донишгоҳи миллии Қирғизистон, баъди анҷоми ин маҳфил ба радиои Озодӣ гуфт, мухлисони зиёди шеъри Парвини Эътисомӣ, ки дар маҳфил ширкат доштанд, гумон мекарданд, ки аз осор ва паҳлӯҳои шеъри ӯ ба хубӣ огаҳӣ доштанд, вале ҷараёни маҳфил собит намуд, ки ин гумон ботил баромад. Ба гуфтаи оқои Мурувват, аз суханрониҳои донишмандон иштирокчиёни маҳфил перомуни ин шоира ва осори ӯ маълумоти иловагӣ ба даст оварданд.

Парвини Эътисомӣ дар хонаводаи маорифпарвари маъруфи Эрон Юсуфи Эътисомӣ, дар шаҳри Табрези бостон, таваллуд шудааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, соли 1935 нахустин девони ашъори вай нашр шудааст. Парвини Эътисомӣ дар синни 34-солагӣ аз олами фонӣ ба олами боқӣ реҳлат кардааст. Ин байтҳо дар болои қабри вай сабт шудаанд:
Ин ки хоки сияҳаш болин аст,
Ахтари чархи фалак Парвин аст.
XS
SM
MD
LG