Пайвандҳои дастрасӣ

Камбоҷа уйғӯрҳоро аз қаламраваш меронад


Мақомоти Камбоҷа мегӯянд, 20 паноҳандаи уйғӯрро, ки баъди ошӯбҳо дар вилояти Шинҷон аз Чин гурехтанд, аз кишвар ихроҷ хоҳад кард. Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Камбоҷа гуфт, ин 20 нафар барои он ронда хоҳанд шуд, ки ғайриқонӣ ба кишвар ворид шудаанд. Уйғӯрҳои Чин дар аз ҳукумати Камбоҷа дархости паноҳандагӣ кардаанд ва ҳоло маълум нест, ки онҳоро ба кадом кишвар бозпас хоҳанд фиристод. Аммо хабаргузории "Ассосиейтед Пресс"" аз қавли як мақоми Камбоҷа навиштааст, ки онҳоро ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бозпас мефиристанд. Кумиссариёи Олии Паноҳандагони Созмони Милал аз ҳукумати Камбоҷа хостааст, чунин накунад, зеро эҳтимоли ниқор гирифтани мақомоти Чин аз он аққалиятҳои уйғӯр вуҷуд дорад. Ба гуфтаи ҳукумати Чин, дар муноқишаи миёни ӯйғӯрҳо ва чиниҳои маҳаллӣ дар моҳи июл тақрибан 200 нафар, аксаран чиниҳо ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG