Пайвандҳои дастрасӣ

Осетияи Ҷанубӣ ноболиғони гурҷиро раҳо мекунад


Эдуард Кокойтӣ - раҳбари Осетияи Ҷанубӣ, минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон, мегӯяд, ду ноболиғи гурҷиро, ки бо маводи мунфаҷира дар минтақа боздошт шуданд, авф хоҳад кард. Эдуард Кокойтӣ баъд аз мулоқоташ бо Зураб Ногаделӣ - раҳбари мухолифони Гурҷистон, гуфт ба нишони “ҳусни ният” аз гуноҳи он ноболиғон мегузарад. Осетияи Ҷанубӣ ҳамин моҳ ду ҷавони 16 ва 17-солаи гурҷиро барои як сол ба зиндон маҳкум карда, хашми Гурҷистон ва кишварҳои дигарро низ барангехт. Томмас Ҳаммарберг - кумиссионери ҳуқуқи башари Шӯрои Ҳуқуқи Башари Аврупо ҳамин моҳ барои миёнҷигарӣ ҷиҳати раҳоии он ноболиғон ба Осетияи Ҷанубӣ сафар кард.
XS
SM
MD
LG