Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳдномаи тағйири иқлимро ба инобат гирифтанд


Дар ҳамоиши байналмилалии тағйироти иқлимӣ дар шаҳри Копенҳанген, пойтахати Дания созишномаи ҳосилшуда бо миёнҷигарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро расман эътироф кардаанд. Пештар аз ин намояндагони баъзе аз кишварҳои дар ҳоли рушд, барномаи мазкурро, ки Барак Обама ва дигар иқтисодҳои азими ҷаҳонӣ ба он ризоият доданд, хашмгинона рад намуданд. Боливия, Венесуэла, Судон гуфтанд, ки аҳднома дар мавриди мубориза бо гармоиши курраи Замин бисйор заъиф аст ва аз тарафи кишварҳои бузург ноодилона таҳия шудааст. Аҳдномаи мазкур танҳо дар сурати ризоияти 193 аъзои Созмони Милал пазируфта мешавад. Дар эъломияи ниҳоии ҳамоиш омадааст, ки, Аҳдномаи Копенҳагенро ба инобат мегиранд” , аммо аз тасвиби он сухане дар эъломия нарафтааст. Бар асоси ин аҳднома, кишварҳои ҷаҳон бояд партоби газҳои гулхонаиро ба ҳадде кам кунанд, ки ҳарорат дар курраи Замин аз ду дараҷа болотар наравад. Ин аҳднома ҳамчунин аз кишварҳои сарватманд мехоҳад, то соли 2012 ба кишварҳои дар ҳоли рушдж ҳудуди 30 миллиарддоллар кӯмак намоянд, то онҳо худро бо паёмадҳои манфии тағйири иқлим мутобиқ созанд.
XS
SM
MD
LG