Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии аҳзоб ба анҷуманҳои қаблазинтихоботӣ


Нахустин анҷуманҳои қаблазинтихоботии аҳзоби сиёсии Тоҷикистон рӯзи 20-уми декабр сурат мегиранд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (қаноти расман шинохташудаи Абдулҳалим Ғаффоров) қарор аст, рӯзи якшанбе анҷуманҳои худро доир кунанд ва тарҳи барномаи омодагиҳояшон ба интихоботро бирезанд.

Анҷуманҳои панҷ ҳизби дигар охири ҳафтаи оянда баргузор хоҳанд шуд.

Дар ин анҷуманҳо аз ҷумла феҳристи иборат аз 22 нафари ҳизбӣ, ки тариқи ҳавзаи ягона талоши вуруд ба порлумонро хоҳанд кард, низ муайян хоҳад шуд. Аммо гумон меравад, танҳо 2-3 ҳизб тавони молии пардохти гаравпулӣ барои ҳамаи 22 нафари феҳрастро дошта бошанд ва аз ин рӯ, тахмин мешавад, ки феҳристи аксари аҳзоб ба маротиб кӯтоҳтар хоҳад буд.

Дар ин ҳафта раисҷумуҳри Тоҷикистон ҳайати нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро интихоб ва порлумон онро тасдиқ кард. Дар ин комиссияи намояндагони ҳамаи аҳзоб, ба ҷузъ ҲСДТ ҳузур ёфтаанд.

КМИР ҳамакнун бояд 41 ҳавзаи интихоботиро таъсис ва раисону ҳайатҳои онҳоро тасдиқ кунад. Интихоботи порлумонии Тоҷикистон бино бар фармони раисҷумҳур Раҳмон, ки рӯзи 14-уми декабр содир шуд, рӯзи 28-уми феврали соли оянда баргузор хоҳад гардид.

Бар асоси қонуни Тоҷикистон, 22 вакили порлумон ё 35 дарсади он аз руйхати ҳавзаи ҳизбӣ интихоб хоҳанд шуд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон 63 вакил дорад, ки феълан аксари курсиҳои онро ҲХДТ, се курсиро ҳам ҲКТ ва ду курсиро ҲНИТ ба худ ихтисос додаанд.
XS
SM
MD
LG