Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳайъати ҳукумати Афғонистон муаррифӣ шуд


Ҳукумати Ҳомиди Карзай феҳрасти ҳайъати навашро расман барои тасвиб ба порлумони Афғонистон ироа кардааст. Ҳомиди Карзай барои маҳви фасодкории дар ҳукуматаш таҳти фишори Ғарб қарор гирифтаст. Ҳомиди Карзай дар ин феҳраст, бисёре аз ҳамон вазирони пешинаашро, дар ҳукумат нигоҳ доштааст, ки онҳоро кишварҳои ғарбӣ ҳам тарафдорӣ мекунанд. Аз ҷумла Абдул Раҳим Вардак – вазири дифоъ, Муҳаммад Ҳаниф Атмар – вазири умури дохила ва Ҳозорат Умар Захивал – вазири молияро. Вазирони маъодин ва Ҳаҷҷ, ки ҳарду ба азхуд кардани кӯмакҳои бузурги молӣ муттаҳам мешаванд, дар ин феҳраст нестанд. Рангин Додфар Спанто – вазири умури хориҷаи Афғонистон ҳам аз ин мақомаш маҳрум шудааст, ва номзадеро ҳам ба ҷойи ӯ пешниҳод накардаанд. Ҳукуматҳои кишварҳои ғарбӣ Ҳомиди Карзайро, ки дар интихоботи олуда ба таққалуби рӯзи 20 август ба мақоми раёсати ҷумҳури интихоб шуд, таҳти фишори афзояндае қарор додаанд, то ҳукуматашро аз фасодкорӣ пок кунад. Тамоми 23 номзад дар ҳайъати ҳукуматтанҳо баъди тасвиби порлумони Афғонистон, метавонанд ба кор шурӯъ кунанд.
XS
SM
MD
LG