Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳиндустон бархе нерӯҳояшро аз Кашмир берун кард


Вазири дифоъи Ҳиндустон Антонӣ изҳор намуд, аз Кашмир, аз он бахше, ки таҳти назорати кишвар қарор дорад, тақрибан 30 ҳазор низомиён берун карда шуданд. Ин тасмими ҳукуматро вазири дифоъ бо он омил марбут кард, ки тайи ду соли ахир ҳамлаҳои ошӯбгарон дар ин минтақа коҳиш ёфтааст. Антонӣ афзуд, ки Деҳлӣ тасмим гирифтааст аз ин баъд ҳам хуруҷи афсару сарбозонаш аз Кашмирро идома диҳад. Ҳамзамон вазири дифоъи Ҳиндустон таъкид кард, ки теъдоди афсарону сарбозон дар хатте, ки Кашмирро ба қисматҳои ҳиндустониву покистонӣ тақсим мекунад, коҳиш нахоҳад ёфт.
Дар ҳамин ҳол гурӯҳҳои ҷудоихоҳ дар бахши ҳиндустонии Кашмир гуфтанд, ки ба изҳороти вазири дифоъ дар бораи коҳиши теъдоди нерӯҳо дар минтақа эътимод надоранд ва хостори таъйиди ин хабар аз манобеъи мустақиланд.
XS
SM
MD
LG