Пайвандҳои дастрасӣ

Ноне, ки бо ҳазор ранҷ ба даст меояд


Муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург, 1 ноябри соли 2009.

Муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург, 1 ноябри соли 2009.

18-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон аст, ба ин дар нашри навбатии вижагуфтори "Симои ҳафта" талош кардем, то чеҳраи як муҳоҷири миёнаи тоҷикро ҳамчун намоёнгари симои аксари кулли онҳо ба риштаи тасвир бикашем.

Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар таҳқиқоти вижае теъдоди умумии муҳоҷирон дар саросари ҷаҳонро 214 миллион нафар баровард карда, мегӯяд, ин мардум ҳар сол ба кишварҳои зодгоҳи худ тақрибан 444 миллиард доллар интиқол медиҳанд ва пули муҳоҷирон барои кишварҳои зиёде як манбаъи муҳими гузарони зиндагии мардум маҳсуб мешавад.
Соли гузашта мо то 2000-2500 доллар моҳона мегирифтем, вале имсол бубинед, ки 1100 доллар...

Аз ҷумла, барои Тоҷикистон, ки ҳамасола ҳудуди 1 миллион нафар аз мардумаш ба қасди муҳоҷират ва мардикорӣ ба хориҷ ва умдатан ба Русия мераванд ва маблағи муодили дастикам 36 дарсади маҷмӯъи маҳсулоти дохилии кишвар аз ҳисоби дастранҷи ҳамин муҳоҷирон ба даст меояд.


Ёздаҳ соли нони ҳиҷрат


Назруллоҳ Нӯъмонов, ки 29 сол ва зану ду фарзанд дорад, аз синни 18 ба ин сӯ, инак 11 сол боз ҳар сол ба қасди мардикорӣ ба Русия меояд. Ӯ имсол аз моҳи май, 7 моҳ мешавад дар як сохтмони хусусӣ дар атрофи Санкт-Петербург устогӣ мекунад. Бо вуҷуди бӯҳрон ва қариб ду маротиба камтар шудани ҳаққи кораш, Назруллоҳ боз ҳам шукр мегӯяд, ки ҳадди аққал ҷойи коре дорад. Ӯ мегӯяд, агар сохтмонро сари вақт бисупоранд, шояд то соли нав пеши зану фарзандонаш шавад, вагарна бояд Наврӯзро нигоҳ кунанд, ки кай хоҳад расид: “ Маош дар ин ҷо рӯзбайъ нест, корбайъ аст. Ғайри хӯрду хӯрок, ягон 1100 доллар ба дастам меояд. Аммо нафароне, ки мисли ман малакаи устогӣ дошта бошанду чунин маоши баланд бигиранд, ками дар каманд. Бисёри бачаҳои тоҷик дар моҳ 400-500 доллар мегиранд. Соли гузашта мо то 2000-2500 доллар моҳона мегирифтем, вале имсол бубинед, ки 1100 доллар. Ду баробар кам шудааст.”

Дасти дуои модар


Хадича Нӯъмонова, модари пири Назруллоҳ, мегӯяд, ҳар се писараш ҳар баҳор ба Русия мераванд ва ӯ моҳҳои зиёд дар интизори бозгашти онҳо шабҳои худро бо ин фикр рӯз мекунад, ки оё фарзандонаш дар ғурбат чӣ ҳол доранд, танашон пӯшидаву шикамашон серу ҷогаҳашон дар мулки мусофирӣ оё гарм ҳаст? Хадича мегӯяд, аммо ҷуз дуои нек дар ҳаққи фарзандони худу ҳазорон муҳоҷирбачаи дигар аз дасти ӯйи муштипар чизи дигаре ҳам намеояд: “Ман ҳамеша дуо мекунам, ки Худованд ҷумла онҳоеро, ки дар ғарибиву мусофирианд, соқ бурдаву саломат биорад. Бо гардани баланд пеши зану фарзандонашон баргарданд. Ман модарам, аз дасти ман дигар чӣ меояд? Фақат дуо мекунам дар ҳаққи ҳама, нафақат дар ҳаққи як Назруллоҳ. Гиря мекунаму, оби дидаам мерезад, лекин чӣ кор кунам охир? Ҳамаи рафтанҳои фарзандони мо аз пушти камбудӣ аст. Мо агар тинҷ бошем, мемонем, ки инҳо аз пешамон бираванд ҳамон сӯ? Кадом фарзанди ман, ки Русия рафтааст, ман аз ӯ талаби пул намекунам. Пули ӯ чӣ лозим аст ба ман? Фақат аз Парвардигор мехоҳам, ки дар паноҳи худ нигоҳашон бидорад ва дубора рӯи фарзандонамро бубинам.”

Тасвире аз муҳоҷири тоҷик


Соҳибназарони тоҷик мегӯянд, бо вуҷуди боварҳои халқшуда дар зеҳни матбуот ва маҳофил, муҳоҷири тоҷик дар Русия акнун он муздури беҳуқуқ ва ларз дар дилу тарс дар чашм нест, ки ба ивази ҳар як ҳаққи ночиз ба иҷрои ҳар кори сиёҳу сангин омода буд. Абдуллоҳи Саттор, раиси Иттиҳоди тоҷикистониҳои Русия, мегӯяд, вазъи муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар дар муқоиса бо солҳои қаблӣ хеле беҳтар шудааст. Абдуллоҳи Саттор портрети мардикори феълии тоҷик дар Русияро чунин тасвир мекунад: “Як марде, ки доим дар чашмонаш ғам, гарданаш каме каҷ, вале боз ҳам дар кунҷи лабонаш табассум гул кардааст, ки ҷои коре дорад. Инки имсол интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон 40-50 дарсад кам шуд, худ баёнгари он аст, ки вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия 50 дарсад бадтар шудааст. Вале аз сӯи дигар, сатҳи ҳимояти ҳуқуқии онҳо назар ба солҳои гузашта хеле беҳтар шудааст.”

Боғшоҳи Лашкарбек, донишманди тоҷики муқими Маскав, ки худро ҳам “як муҳоҷири собиқадор” мехонад, мегӯяд, мардикорони тоҷик
Дар сохтмонҳои Русия тақрибан 25 дарсади коргарон акнун аз Тоҷикистонанд. Дар донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои Русия низ теъдоди донишҷӯёну устодон ва ҳатто профессорони тоҷик сол ба сол меафзояд...
акнун ҳаққи худро хубтар мешиносанд ва дар зарфи солҳои охир тавонистаанд худро дар ҷомеаи Русия ба ҳайси як мардуми ҳалолкор ва чирадаст муаррифӣ кунанд, ки ин, ба эътиқоди оқои Лашкарбек, бурди онҳост: “Муҳоҷирони тоҷик бисёре аз мушкилоти дар гузашта доштаи худро ҳал карданд. Ҳозир дар бораи тоҷик як таассуроти дигаре ҳосил шудааст. Тоҷикон дар ин давра тавонистанд, ки донишу малакаи худро такмил диҳанд, дар сохтмонҳо агар қаблан фақат коргари сиёҳ буданд, акнун устоҳои хеле забардаст шудаанд ва ҳатто ҳунармандона кори дизайнерӣ ҳам мекунанд. Дар сохтмонҳои Русия тақрибан 25 дарсади коргарон акнун аз Тоҷикистонанд. Дар донишгоҳҳову пажӯҳишгоҳҳои Русия низ теъдоди донишҷӯёну устодон ва ҳатто профессорони тоҷик сол ба сол меафзояд. Аз ҷумла, аз ҳисоби фарзандони муҳоҷирон, ки таҳсили олиро дар донишгоҳҳои Русия мегиранд. Феълан, дар Маскав, барои мисол, қариб шифохонае нест, ки дар он табибони тоҷик кор накунанд. Мо аз ин шукр мегӯем.”

Омор чӣ мегӯяд?


Бино бар омори расмӣ, соли гузашта 930 000 шаҳрванди Тоҷикистон, вале имсол ба далели бӯҳрон 825 000, яъне 105 000 нафар камтар, ба қасди муҳоҷират ва кор вориди Русия шудаанд. Омори расмӣ ҳамчунин ҳокист, ки муҳоҷирони тоҷик тайи 9 моҳу 10 рӯзи соли ҷорӣ ба ватан танҳо тавассути бонкҳо 1 миллиарду 350 миллион доллар пул фиристодаанд. Яъне, 35 дарсад камтар аз наздики 2 миллиард долларе, ки соли пеш тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон рафта буд.

Коршиносон мегӯянд, ҳаҷми воқеъии пуле, ки муҳоҷирон аз Русия ба Тоҷикистон мефиристанд, назар ба ин оморҳо шояд бамаротиб бештар ҳам бошад, чунки ин омор пулҳоеро, ки бо роҳҳои ғайрирасмӣ ба Тоҷикистон меравад, ба ҳисоб намегирад.


Аммо милиса…


Ба эътиқоди ҳам муҳоҷирон ва ҳам таҳлилгарон, агар, албатта, бӯҳрон сар намезад, агар муҳоҷирон аз корфармоён фиреб нахӯранд ва агар маъмурони милиса ба ҷайби онҳо раҳзанона даст дароз накунанд, саҳми онҳо метавонист боз ҳам бузургтар шавад. Қаҳрамони мо Назруллоҳ Нӯъмонов низ бештар аз ҳама аз зулму ситами милисаҳои рус менолад: “Проблема ҳар бегоҳ ҳамин милисаҳоянд. Ғам медиҳанд. Аз 5 000 рубл камтар намеситонанд. Ҳатто шудааст, ки аз ман барои тамом шудани замони эътибори шиносномаам 15 000 рубл рӯёнданд. Ин қариб 600 доллар мешавад.”

Абдиш Қулонбоев, ҳуқуқшиноси маркази “Муҳоҷират ва ҳуқуқ”, як созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон дар Маскав низ мегӯяд, имсол аз пардохти маоши мардикорони хориҷӣ сарпечӣ кардани корфармоён ва қонуншиканиҳои маъмурони милиса ва Хадамоти муҳоҷирати Русия ҳамчунон аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия боқӣ монда буд: “Тақрибан 60 дарсади шикоёте, ки имсол ба созмони мо расидаанд, марбут ба поймол шудани қонуни кор нисбат ба муҳоҷирони корӣ аз ҷониби ширкатҳои корфармост. 15 дарсад марбут ба бадрафториҳои маъмурони милиса буда, 15 дарсади дигараш ба қонуншиканиҳои мақомоти Хадамоти муҳоҷират рабт мегирад. Мо имсол алайҳи Хадамоти муҳоҷират танҳо ба додгоҳҳои шаҳру вилояти Маскав 15 шикоят бурдем ва додгоҳ дар 7 маврид қазияро ба фоидаи муҳоҷирон ҳалл кард.”

Гулдастаи бемориҳо – “тӯҳфа”-и дигари муҳоҷират


Равоншиносон мегӯянд, стресси доимӣ, тарси ҳамешагии уфтодан ба дасти милиса ё сартарошидаҳо, андешаи фиреб хӯрдан аз ҷониби корфармо, шароити сангини кору зиндагӣ, беҳуқуқӣ - ин ҳама дар ниҳоят мунҷар ба он мешавад, ки муҳоҷирони тоҷик дар ниҳоят аз сафари Русия пул дар ҷайб, вале дар айни замон бо як гулдастаи бузурги маризиҳои мухталиф дар бадан ба ватан баргарданд.
Ин магар зиндагист? Ин зиндагӣ нест! Ҳамин ҳоло дар ин ҷо ҳаво 20 дараҷа сард аст. Маҷбурем, ки ба ин ҷо меоем, касе аз вақти хушаш ба Русия намеояд...

Равоншиноси тоҷик Нафиса Юнусова ба як силсила пайомадҳои манфии ҷараёни муҳоҷират, аз ҷумла ба осори равоние, ки ҳолати стресси доимӣ дар бадани мардикорон боқӣ мегузорад, таъкид мекунад ва мегӯяд, ин ҳама дар ниҳоят як қишри маризеро барои ҷомиаи Тоҷикистон мерос хоҳад гузошт: “Агар муҳоҷират аз ҷиҳати иқтисодӣ барои давлат фоида дошта бошад, аз тарафи дигар, ҳолати стресс, шиддати асабӣ, ки муҳоҷир ҳамеша ба он мувоҷеҳ аст, боиси ба маризиҳо печидани ӯ мешавад. Муҳоҷире, ки беҳуқуқ аст, ҳуҷҷатҳояш дуруст нестанд, забони русиро хуб намедонад, аз рӯбарӯ шудан бо мақомоти интизомӣ метарсад, дар роҳи муошират бо мардуми маҳаллӣ ба мушкил дучор мешавад, яқинан аз лиҳози равонӣ осебпазир аст. Аз тарафи дигар фарқи иқлим ҳам ҳаст, чунки Русия хеле сард аст барои мардуми мо.”

Нафиса Юнусова меафзояд, тайи моҳҳову ҳатто солҳо ба дӯши занон уфтодани бори зиндагии хонавода ва аз тарбия берун мондани фарзандони дар ватан танҳомондаи муҳоҷирон низ ҳаст, ки ногузир авоқиби номатлубе дар пай хоҳад овард.

Меҳрбону Ҳайдарова, як модари тоҷик, ки фарзандони ӯ ҳам дар Русия будаанд, аз ҳамин азоби пайвандони дар ватан танҳомондаи хонаводаҳо лаб ба шиква мекушояд: “Ду фарзанди ман дар Русия аст, ин барои мо хеле сахт аст. Ҳам кори занона ва ҳам кори мардонаи хона ба дӯши занҳост. Кӯдакон бетарбия мондаанд. Гову мол, хона, ҳама бесоҳиб. Бе мардина хеле сахт аст. Зан, ки илоҷи ин ҳамаро наёфт ва камбудӣ дар хона зиёд шуд, зиқ мешавад, ба маризӣ мепечад.”

Агар интихоб медоштам…


Қаҳрамони мо Назруллоҳи Нӯъмонови 29-сола, ки модар ва зану ду фарзанди хурдсолашро дар Тоҷикистон танҳо гузошта, аз моҳи май ба ин сӯ дар атрофи Санкт-Петербурги Русия кори устогӣ мекунад, мегӯяд, ӯ агар интихоб медошт, ба ҳеҷ сурат, пой ба берун аз ватан намегузошт: “Ин магар зиндагист? Ин зиндагӣ нест! Ҳамин ҳоло дар ин ҷо ҳаво 20 дараҷа сард аст. Маҷбурем, ки ба ин ҷо меоем, касе аз вақти хушаш ба Русия намеояд. Дар Тоҷикистон агар 300 доллар маош медоштам, намеомадам.”

Муҳоҷирро кӣ намедӯшад?


Бо ин вуҷуд, дар Тоҷикистон ҳамоно қариб ҳама риштаҳои зиндагӣ бо шарофати пули бо обилаи дасти муҳоҷирон бакафомада гардон мешавад. Ҳар ҳавопаймоеро, ки аз Русия меояд, алакай дар фурудгоҳҳои Тоҷикистон сели бузурге аз мақомоти марзбониву гумрук сар карда ва рафта то ҳатто идораи санитарӣ пешвоз мегиранд, ки ҳар кадоме бесаброна мунтазири аз ин муҳоҷирон ситондани “ҳаққ”-и худ аст.

Ба умеди ҳамин пули муҳоҷирон дар Тоҷикистон сари ҳар қадам бозору мағозаҳои нав ба нав қомат меафрозанд, тоҷирон аз Дубайу Истамбул ва Бишкеку Урумчӣ вагон-вагон бор мекашонанд, мақомоти фосид дар идороти мухталиф ҳам дидаи тамаъ ба ҷайби муҳоҷир дӯхтаанд, ки ба ӯ ягон порча замин, ва ё ҳадди аққал шиносномае бифурӯшанд ва “чор танга” кор кунанд. Ва милисаҳои раҳ низ, ҳатто агар баҳонаи ҷарима наёбанд, боз ҳам пеши онҳо гардан каҷ мекунанд, ки “Аз Русия омадаӣ, як чиз барои мо ҳам парто”.

Ҳатто давлати Тоҷикистон, ки акнун азми бо нирӯи худ сохтани нирӯгоҳи Роғунро гирифтааст, низ дидаи умедашро аслан ба сӯи ҳамин муҳоҷирон дӯхта ва ба ҳисси ватандӯстӣ ва ба номуси ҳамин мардум нохун мезанад, ки дар ин сохтмони бузург ҳатман саҳм бигиранд.

Аз ин ҳама дидаҳои тамаъ, ки ба ҷайби муҳоҷири бечора дӯхта шудаанд, киро парвост, ки пули ин МАРДИ КОР дар Русия бо чӣ азобе ба даст меояд ва ҳар муҳоҷирбачаи тоҷик дар он мулки мусофирӣ бояд чӣ қадар азхудгузаштагӣ нишон диҳад ва нахӯраду напӯшад, ки деги зиндагӣ дар ватанаш – Тоҷикистон аз ҷӯш намонад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG