Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Ки Мун: Замони амалҳои дастаҷамъӣ расидааст


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, ҷомеъаи ҷаҳониро ба амалҳои муштарак дар мубориза бо гармшавии сартосарӣ даъват кард. Зимни суханронӣ дар конфаронси СММ оид ба мушкилоти тағйири иқлим дар шаҳри Копенҳаген, Бан Ки Мун гуфт, ки "агар мо мехоҳем, ки мушкили тағйири иқлимро ҳал кунем, мо бояд чун миллатҳои бо ҳам муттаҳид амал намоем. Замони мо расидааст, замини амалҳои якҷоя, замони амалҳои дастаҷамъӣ".
Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, низ дар суханронӣ дар нишасти Копенҳаген аз сарони олам даъват намуд, ки зери созиши ниҳоӣ, ҳатто агар он ноқис ҳам бошад, имзо гузоранд. Обама изҳор намуд, ки бояд ҳама кишварҳо дар мубориза бо идомаи гармшавии иқлим саҳм бигиранд. Ӯ афзуд, ки Амрико, новобаста ба он ки дар Копенҳаген чӣ мегузарад, коҳиши партоби газҳои гулхонаӣ ба фазо ва рушди, ба истилоҳ, “иқтисоди энерҷии пок”-ро идома хоҳад дод. Ба гуфтаи Барак Обама, бо имзои созиши нави мубориза бо гармшавии иқлим ҷаҳон амнтар ва нерӯмандтар хоҳад шуд.
Қарор аст имрӯз сарони 120 кишвари олам зери қатъномаи ниҳоии нишасти Копенҳаген имзо гузоранд. Шаби гузашта баъд аз музокироти тезутунд сарони кишварҳои бузурги ҷаҳон тарҳи ин қатъномаро таҳия карданд, ки дар пояи он созиши байнулмилалӣ оид ба коҳиши партоби “газҳои гулхонаӣ” ба фазо ҳосил хоҳад шуд.
Дирӯз ИМА эълом дошт, ки омода аст барои то соли 2020 ҷалб кардани 100 миллиард доллар ба хотири бароварда сохтани ниёзмандиҳои мамолики дар ҳоли рушд дар мубориза бо тағйири иқлим бо дигар кишварҳо ҳамкорӣ кунад. Мақомоти Чин ҳам ишора карданд, ки барои ифшои миқёси воқеии партоби “газҳои гулхонаӣ” аз сӯи корхонаҳои кишвар омодаанд.
XS
SM
MD
LG