Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар таркише дар Дири Поён 12 нафар кушта шуданд


Теъдоди қурбониёни таркиши маргталабона дар минтақаи Дири Поён, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ба 12 нафар расид. Ба гуфтаи раиси полиси маҳаллӣ, як маргталаб худро дар канори масҷид дар ҳоле инфиҷор кард, ки гурӯҳи кормандони полис баъди намози ҷумъа аз он ҷо берун мешуданд. Як масъули бемористон хабар дод, ки бар асари таркиш 28 нафар маҷрӯҳ шудаанд ва бештари онҳо кормандони полисанд.
Чанде қабл нерӯҳои ҳукуматӣ дар мавзеъи Дири Поён алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” амалиёти густардаи низомӣ доир карда буданд.
XS
SM
MD
LG