Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар бар асари инфиҷор


Бар асари инфиҷор дар шимолу ғарби Покистон дасти кам чаҳор нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 30 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Ба иттилоъи мақомоти маҳаллӣ, як маргталаб худро дар канори масҷиде инфиҷор кард, ки он ҷо теъдоди зиёди кормандони полис намоз мегузоранд. Ҳамлаи маргталабона дар Дири Поён сурат гирифт – дар ин минтақа чанде қабл нерӯҳои ҳукуматӣ амалиёти густардаи низомӣ алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон”-ро доир карда буданд.
XS
SM
MD
LG