Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Навиштаҷоти дарвозаҳои "Освенсим"-ро рабуданд


Аз дарвозаҳои лагери “Освенсим” дар Лаҳистон навиштаҷоти “Arbeit macht frei" (“Кор озодӣ мебахшад”) ғайб зад. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ин навиштаҷот, ки онро худи маҳбусон насб карда буданд, шаби гузашта аз сӯи афроди ношинос рабуда шудааст. Мақомоти полиси Лаҳистон тафтиши қазияро шурӯъ кардаанд. Айни ҳол лагери “Освенсим” ба осорхона ва ёдгории таърихӣ ба ёди миллионҳо маҳбусони аз сӯи Олмони нозӣ ба ҳалокат расида табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG