Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргталаб аз нозирони роҳ интиқом ситонд?


Мақомоти Ингушистон гуфтанд, шахсияти маргталаберо, ки дирӯз ба постгоҳи нозирони роҳ дар канори шаҳри Назрани Ингушистон ҳамла карда буд, ошкор намуданд. Бар асари ин ҳамла 18 нафар, аз ҷумла, се ноболиғ, маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи додситонӣ, ҳамлаи маргталабона аз сӯи Ботир Ҷониев сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ки таркиши постгоҳи нозирони роҳ – интиқом барои дигар инфиҷор аст, ки субҳи дирӯз рух дода буд. Дар он ҳодиса Лайло Ҷониева, ҳамсари яке аз раҳбарони пешини мухолифин Машариф Аушев, маҷрӯҳ шуд ва модар ва як бародари Лайло Ҷониева ба ҳалокат расиданд. Ба гуфтаи шоҳидон, чанд лаҳза пеш аз таркиш ин мошин мавриди кофтукоби нозирони роҳ қарор гирифта буд ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз онҳо маводи таркандаро дар ин мошин насб кардаанд.
Машариф Аушев, яке аз раҳбарони мухолифини Ингушистон ва соҳиби пешини сомонаи интернетии “Ингушетия.ру”, 25 октябри соли равон аз сӯи афроди ношинос ба қатл расида буд. Ҳафтаи гузашта Департаменти давлатии ИМА Аушевро барандаи ҷоизаи солона дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар эълон кард. Дар эъломияи вазорати хориҷаи Амрико омадааст, ки "Аушев дар гузоришҳои худ куштор, одамрабоӣ ва дигар қонуншиканиҳои марбут ба нақзи ҳуқуқи башарро ҷасурона инъикос мекард”.
XS
SM
MD
LG