Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Занони тоҷик ба ёрии ҳуқуқӣ ниёз доранд


Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат,

Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат,

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон бо нигаронӣ мегӯянд, ҳоло занони тоҷик дар миёни қишри заъфпазири ҷомеа қарор дошта, шумори зиёди онҳо ҳамарӯза аз сатҳи пасти иқтисодӣ, танҳоӣ дар саробонии оила, дастнигарӣ, ноогоҳӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандии хеш ва мушкилоти дигар азият мекашанд.

Хонум Дилрабо танҳо ба тарбияи чаҳор фарзанд машғул аст. На, аз рӯи санадҳо ӯ танҳо нест: вай як зани соҳиби шавҳару хонаву ҷо аст, хешу табор ҳам дорад, вале дар воқеъ 5 сол мешавад, ки симои шавҳарашро надидаву, солҳост даромади собите надорад, ки рӯзгори ӯву бачаҳояшро бипӯшонад. Хонум Дилрабо мегӯяд, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон зан будан хеле душвор аст, чунки ӯ маъмулан нақши чандин касро дар як вақт - модар, падар, таъминкунандаи рӯзгор ва масъули бисёр дигар чизҳоро иҷро мекунад. Ба гуфти ӯ, ҳарчанд хаста асту, мехоҳад як рӯзе ҳам бошад, ҳаловати зиндагӣ бубарад, аммо дарк мекунад, ки роҳи дигаре ба ҷуз таҳаммулу тоқат надорад. Ӯ мегӯяд: «Моҳҳо мешавад, ки фарзандони ман гӯшт, равғани зард, тухм, асалро намебинанд. Танҳо ба картошка ва каду дастрасӣ дорам. Ба ман модарам ва бародаронам ёрӣ медиҳанд».

Мегӯянд, вазъи ҷомеаро аз ҳолу аҳволи занон, кӯдакон ва пиронсолонаш баҳо медиҳанд. Аз рӯи ин принсип, ҳоло, мешавад гуфт, ки
Мавридҳои издивоҷи барвақтии духтарҳо дар синни 13-14 солагӣ бо шиносномаҳои қалбакӣ, талоқҳои телефонӣ ва тавассути СМС, ноновари танҳои оила шудани занҳо аз мушкилоти даври нав номида мешаванд.
занҳои тоҷик гирифтори дардҳои иҷтимоӣ ҳастанд, ки дармонашон осон нест. Чунин ҳол боиси он мешавад, ки бисёри занҳо барои раҳоии худу фарзандон аз мушкилоти фаровон розӣ мешаванд, то ба никоҳи навбатии як марди бисёрзана дароянд. Гулчеҳра Шарипова, роҳбари гурӯҳи гузоришгар оид ба вазъи ҳуқуқи занон дар Тоҷикистон ба СММ, мегӯяд, ба онҳо гоҳҳо номаву пешниҳодҳое аз заноне меояд, ки дархостҳои ғайриоддӣ доранд:
«Вақте гузориш таҳия мешавад, дастовардҳои занон ҳам қайд мешавад. Дар бораи қонунӣ гардонидани дузанагӣ ҳам. Албатта, ин дархости мо, таҳиякунандагон, нест. Балки инро занон барои мо пешниҳод мекунанд. Мо масъулем, ки ба садои ин занҳо онҳо посух гӯем»

Ба гуфти хонум Шарифова, ҳарчанд Тоҷикистон дар амри иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар заминаи риояи ҳуқуқи зан ҳамоно мушкилоти зиёд дорад, вале фаъолияти хастанопазири созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи занон барои кӯмак дар коҳиши мушкилот назаррас аст.

Фаъолони ҳуқуқи занон мегӯянд, ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло бо мавҷи нави мушкилот рӯбарӯ шудааст, ки дар гузашта набуд: масалан, мавридҳои издивоҷи барвақтии духтарҳо дар синни 13-14 солагӣ бо шиносномаҳои қалбакӣ, талоқҳои телефонӣ ва тавассути СМС, ноновари танҳои оила шудани занҳо аз мушкилоти даври нав бошад, масъалаҳои мисли шиддатгирии хушунат нисбати занон ва духтарон дар хонаводаҳо, бадшавии вазъи сиҳҳатии занон ва кӯдакон аз он масоилест, ки сол то сол тавсеа меёбад.

Хайринисо Юсуфӣ, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумат, гуфт, ҳоло созмонҳои ҷамъиятӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумат гузоришеро роҷеъ ба вазъи занон таҳия доранд, ки дар он тамоми кулли паҳлӯҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии бонувони тоҷик инъикос хоҳад ёфт.

Биҳоҷал Раҳимова, собиқ муовини сарвазири Шӯравӣ.
Биҳоҷал Раҳимова, ки замони Шӯравӣ вазифаҳои баланди ҳукуматӣ дошта, ҳоло роҳбарии созмони ҷамъиятии «Чашмаи ҳаёт»-ро ба ӯҳда дорад, мегӯяд, бо назардошти таҷрибаҳои гузашта бояд баробар бо ин дар фикри тақвияти ҳузури зан дар сохторҳои давлативу парлумон шуд, то ки барои занҳо кӯмак шавад. Вай мегӯяд, беш аз 70 дарсади занони Тоҷикистон дар деҳот дар ҳолати бади иҷтимоӣ ба сар мебаранд ва ҳолати имрӯзаи онҳо дар вазъи иҷтимоии наслҳои минбаъда таъсиргузор хоҳад буд. Вай мегӯяд, занони деҳот дар вартаи даҳҳо муаммоҳои рӯзгор афтидаанд ва мӯҳтоҷ ба кӯмак ҳастанд. Онҳо низ бояд аз ҳуқуқҳои зании хеш огоҳ шаванд.

18-уми декабр соли 1979 СММ Эъломия дар бораи барҳам додани ҳама гуна поймолкунии ҳуқуқи занонро қабул кард, ки Тоҷикистон низ соли 1993 зери он имзо гузоштааст. Коршиносон мегӯянд, ҳоло барои татбиқи ҳама ормонҳои дар ин санад зикршуда, ба мисли таъмини ҳуқуқи баробар ва озодиҳои занон, имкони кору таҳсил барои онҳо, баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа, роҳест тӯлонӣ ва пуршебу фароз.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG