Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти се гумонбар ба ифротгароӣ


Се шаҳрванди Тоҷикистон бо гумони даст доштан дар фаъолиятҳои ифротгароӣ аз ҷониби мақомоти интизомии Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Афроди боздоштшуда, ки аз онҳо ба унвони тарбиятдидаҳои бошгоҳҳои вижаи тамринӣ дар Покистон ном бурда мешавад, ба ҷурми ташкили гурӯҳи «Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ» дар хоки Тоҷикистон гумонбар дониста мешаванд.

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон гуфтааст, ин афрод сокинони шаҳри Истаравшан буда, аз 24 то 34 сол умр доранд ва дар давоми солҳои 2007-2008 дар хоки Покистон қарор доштаанд. Ба хотири халал ворид накардан ба ҷараёни тафтишот аз боздоштшудаҳо исм бурда намешавад. Аммо мақомот гумон доранд, ки онҳо ба ҷалби одамон ба гурӯҳи худ ва ирсоли онҳо ба Покистон машғул будаанд.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парванда бо моддаи даъват ба тағйири сохти конститутсонӣ аз роҳи зӯр боз шудааст.

Дар миёни ҷараёнҳои зиёди мазҳабӣ, ки ахиран намояндагонашон дар Тоҷикистон боздошт мешаванд, исми «Ҳаракати ҷиҳоди исломӣ» барои нахустин бор зоҳир шудааст. Қаблан, мақомоти Тоҷикистон намояндагони фаъоли ҷараёни Салафияро боздошт карда буданд ва ин равияро дар Тоҷикистон мамнӯъ донистанд. Сипас, айни сарнавишт ба сари пайравони «Ҷамоаи таблиғ» омад, ки додгоҳи гурӯҳи буззурги онҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Қурғонтеппа дар ин рӯзҳо идома дорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG