Пайвандҳои дастрасӣ

СММ феҳристи сиёҳи афродро бозбинӣ мекунад


Шӯрои Амнияти СММ тарҳи қатъномаеро ба тасвиб расонд, то ба афроде кӯмак расонда шавад, ки иштибоҳан гӯё ба сабаби иртибот бо терроризм ба феҳристи сиёҳ ворид шудаанд. Ин феҳристи сиёҳ, ки барои иртибот бо Ал Қоида ва Толибон таҳия шудааст, бори дигар бо ҳама ҷузъиёт мавриди бозбинӣ қарор хоҳад гирифт, то тасмим гирифта шавад, ки чӣ шахсоне ба он иштибоҳан ворид шудаанд. Ин феҳрист соли 1999 таҳия шуда буд ва ҳоло дар он номи 500 нафар дарҷ шудааст. Тахмин зада мешавад, ки 30 нафари онҳо кушта шудаанд ё даргузаштаанд.
XS
SM
MD
LG