Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷирон аст


Имрӯз, 18-уми декабр Рӯзи ҷаҳонии муҳоҷират аст. Ба ин муносибат кишварҳои мухталиф бо баргузории тадобири мухталиф ин рӯзро хотирнишон мекунанд. Дар шаҳри Душанбе низ ба ин муносибат дар Кохи Ваҳдат конфаронсе дар назар дошта шудааст. Дар он намояндагони ҳукумати Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ ва намояндагони созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд кард. Тибқи маълумот, ҳоло дар саросари ҷаҳон 214 миллион нафар дар муҳоҷират ба сар мебаранд. Онҳо солона ба ватани худ 444 миллиард доллар мефиристанд. Тибқи маълумоти тақрибӣ, беш аз 1 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ дар хоириҷ аз ватан, ба вижа дар Русия, дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд ва маблағҳои онҳо зиндагии беш аз нисфи аҳолии Тоҷикистонро мечархонад.
XS
SM
MD
LG