Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши ҷиноят дар Тоҷикистон дар соли 2009


Бино ба иттилои хабаргузориҳои маҳаллӣ, дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2009 дар Тоҷикистон бештар аз 11 400 ҷиноят сабти ном шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,6 дарсад бештар будааст. Ҷиноятҳои сангин бештар аз 2000 маврид нишон дода шудааст. Мақомоти интизомӣ мегӯянд, дар асл сатҳи ҷурму ҷиноят дар Тоҷикистон боло нарафтааст, балки сабти ҷиноятҳо дар соли ҷорӣ афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG