Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи коҳиши озодии матбуот дар Озарбойҷон


Порлумони Иттиҳоди Аврупо қатъномаеро, ки гуфта мешавад вахомати вазъи озодии матбуот дар Озарбойҷон ном дорад, ба тасвиб расондааст. Роҷеъ ба ин қатънома рӯзи панҷшанбе баъд аз мунозираҳои порламонӣ райдиҳӣ сурат гирифтааст. Ҳангоми райдиҳӣ намояндагон аз системи электронӣ истифода накардаанд ва райдиҳӣ бо бардоштани дастҳо анҷом гирифтааст. Дар ин қатънома аз зиндонӣ кардани рӯзноманигорони мухолиф, аз ҷумла Эйнулло Фатҳуллоев-сардабири як нашрия, интиқод шудааст ва тақозо шудааст, ки онҳо билофосила озод шаванд. Дар қатънома ҳамчунин аз мақомот тақозо мешавад, ки муҷаввизи фаъолияти радиои ЭФ ЭМ-и барномаҳои байналмиллалӣ, аз қабили Радиои Озодӣ ва Би Би Си-ро тамдид кунанд.
XS
SM
MD
LG