Пайвандҳои дастрасӣ

Интизориҳо аз суханронии Обама дар Копенгаген


Хосе Манеэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, интизор меравад, ки имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико талошҳои аслиро дар мавриди тағири иқлим эълон кунад. Барак Обама имрӯз барои ширкат дар конфронси тағири иқлим вориди Копенгагени Дания мешавад. То ҳол гуфтушунудҳо дар бораи тасвиби санади ниҳоӣ дар бораи меъёри коҳиши газҳои гулхонаӣ дар ҷаҳон кишварҳои сарватманд ва нодор ба тавофуқ нарасидаанд. Қарор аст, ин санад дар поёни кори конфронси Копенгаген ба тасвиб расад. Оқои Бароссо гуфтааст, интизор меравад, ки Амрико бо нақши раҳбарие, ки дар ҷаҳон дорад, ин бунбастро боз кунад. Оқои Бароссо бори дигар таъкид кард, ки кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ӯҳдадориҳои худро дар мавриди коҳиши газҳои гулхонаӣ бештар мекунанд, ба шарти ин ки Амрико низ чунин кунад.
XS
SM
MD
LG