Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳзоби мухолифи ҳукумати Покистон талаб доранд, ки раисиҷумҳури ин кишвар Осиф Алӣ Зардорӣ ва ҳукумати ӯ ба истеъфо раванд ва дар кишвар интихоботи нави порлумонӣ доир шавад.

Ин талабҳо баъд аз он ҳарчӣ баландтар садо медиҳанд, ки Додгоҳи Олии Покистон ҳукми афви пешин дар баробари раисиҷумҳур ва ҳазорон ҷонибдоронашро лағв кард.
Мо акнун равандеро пеш гирифтаем, ки моро сӯи ваҳдати миллӣ, ба ваҳдати воқеъии миллӣ ва нерӯмандӣ мебарад...

Ҳукми авф соли 2007 аз сӯи раисиҷумҳури вақти Покистон Парвиз Мушарраф ба хотири тақсими қудрат бо ҳамсари Осиф Алӣ Зардорӣ - сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто имзо шуда буд. Ва аммо чанде баъд аз ин тасмим хонум Бҳутто бар асари як ҳамлаи террористӣ ба ҳалокат расид.

Аз тасмими Додгоҳи Олӣ вакилони мудофеъ бо хушнудӣ истиқбол карданд, зеро, аз нигоҳи онҳо, ҳукми афви ду сол қабл қабулшуда, ки ба думболи он тақрибан 8 ҳазор нафар, аз ҷумла, аъзои фасодзадаи ҳукумат аз пайгардии қонун раҳо шуданд, хилофи Қонуни асосии Покистон буд. Яке аз вакилони мудофеъ Абдулло Ҳофиз Пирзода ҳадс мезанад, ки баъд аз лағви ҳукми авф кишварро дигаргуниҳои ҷиддии сиёсӣ интизоранд.

Ӯ мегӯяд, ки “ин пирӯзӣ аст, пирӯзии мардуми Покистон, ба вижа, афроди фақир ва поймолшуда, зеро он ҳукм бо дороии онҳо, дороии миллӣ рабт дошт, ки аз сӯи мақомдорони ҳукуматӣ ба яғмо рафтааст. Ва мо акнун равандеро пеш гирифтаем, ки моро сӯи ваҳдати миллӣ, ба ваҳдати воқеъии миллӣ ва нерумандӣ мебарад”.

Гуфта мешавад, ки Осиф Алӣ Зардорӣ ҳамчун раисиҷумҳур аз имтиёзи дахлнопазирӣ бархурдор аст ва аммо акнун ӯ зери фишори шадиди мухолифин қарор хоҳад гирифт, зеро тибқи Қонуни асосӣ, номзад ба мақоми раисиҷумҳур бояд фарди поку беолоиш бошад. Сарвари феълии Покистон аз ин пеш бо иттиҳоми ришвату фасод чандин солро дар маҳбас сипарӣ карда буд ва аммо ҳамеша мегуфт, ки иттиҳом алайҳи ӯ ангезаи сиёсӣ дорад. Ва аммо ҳазорон мансабдорони дигар ва, аз ҷумла, мансабдорони калидии ҳукумати Зардорӣ шояд дубора дар фасод ва дигар ҷурмҳо муттаҳам шаванд.

Дар ҳамин ҳол Фарҳатулло Бобур, намояндаи раисиҷумҳур Зардорӣ, ба хабарнигорон гуфт, ки Ҳизби мардумии Покистон ҳукми Додгоҳи олиро қабул дорад. Ҳамзамон ӯ афзуд, ки “Ҳизби мардумии Покистон дар гузашта ҳам ба мушкилот мувоҷеҳ буд ва дар оянда ҳам метавонад гирифтори мушкилиҳо шавад. Ва аммо Ҳизби мардумии Покистон ва раҳбарони онро тарсонидан наметавон. Мо медонем, ки кадом роҳро пеш гирифтаем ва чӣ гуна рафтор кунем”.

Бӯҳрони дохилии сиёсӣ дар Покистон дар ҳоле ба миён омадааст, ки ҳукумати Зардорӣ бештар саргарми мубориза бо ошубгарони ҷунбиши “Толибон” дар марзҳои кишвар бо Афғонистон аст. 12 декабр сарвазири Покистон Юсуф Ризо Гелонӣ эълом дошт, ки артиш амалиёт алайҳи толибон дар минтақаи қабоилнишини Вазиристони ҷанубиро анҷом додааст.

Ҳамзамон ӯ афзуд, ки ҳукумат мавзӯъи баргузории амалиёти густардаи низомӣ дар дигар минтақаи қабоилнишин дар вилояти Оракзайро баррасӣ мекунад. Оракзай муддати тулонӣ такягоҳи раҳбари “Толибон”-и Покистон Ҳикматулло Меҳсуд буд ва гуфта мешавад, ки бештари ошубгарон аз Вазиристони ҷанубӣ маҳз ба ҳамин минтақа фирор кардаанд.

Мавзӯъи тақвияти марзҳо бо Афғонистон баъди он дубора ба мавзӯъи доғ табдил шуд, ки ахиран адмирал Майк Муллен, раиси Кумитаи муттаҳидаи сарварони ситодҳои нерзҳои мусаллаҳи ИМА, дар як нишасти хабарӣ дар Исломобод гуфт, раҳбарони созони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши “Толибон” дар Покистон панаҳ бурдаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG