Пайвандҳои дастрасӣ

"Қалами заррини тиллоӣ" - ба хабарнигори эронӣ


Хабарнигори маъруфи эронӣ Аҳмад Зайдободӣ бо ҷоизаи “Қалами заррини озодӣ” сарфароз шуд. Ин ҷоиза аз сӯи Анҷумани ҷаҳонии рӯзномаву хабаргузориҳо (WAN-IFRA) таъсис шудааст. Аҳмад Зайдободӣ барои нашри матолиби интиқодӣ дар бораи режими Маҳмуди Аҳмадинажод чандин бор маҳкум ба зиндонӣ шудааст ва дар арафаи интихоботи раёсатҷумҳурии моҳи июни соли равон боз ба мӯҳлати 6 сол маҳкум ба маҳбас гардид. Ба ӯ ҳамчунин абадан қалам ба даст гирифтан манъ шудааст.
Аҳмад Зайдободӣ баъди он маъруфият пайдо кард, ки соли 2000, ҳангоми дар маҳбас буданаш, алайҳи беадолатии додгоҳӣ дар баробари хабарнигорони маҳбус як номаи саргушода нашр кард.
XS
SM
MD
LG